Дар таҳлилу арзёбиҳои матбӯъоти Ғарб ва минтақа дар бораи муноқиша миёни аъзои хонаводаи Каримов умдатан вожаҳои “сиёсӣ, иҷтимоъӣ, ҷуғрофиёӣ” ва ё “субот-бесуботӣ” ва андешаҳои коғазӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ҳамаи ин мисли пардаест, ки гӯё рӯйи саҳнаҳои маъмулӣ ё ғайримаъмулии хонаводаи Ислом Каримовро пӯшондааст… Аммо дарвоқеъ, афроди маъдуде аз иттифоқоти дохили ин хонавода огоҳ ҳастанд ва ҳатто мумкин аст худи аъзои ин хонавода низ ҳаводиси рухдодаро хуб надонанд…
Тасаввур кунед, падаре (дар инҷо: Ислом Каримов), ки миёни мардум бо ҳунари тавҳин кардан хуб шинохта шуда бошад, дар сурате ки захираи вожагони иҳонатомезаш тамом шавад, чи хоҳад кард?
Шояд мисли пирамардоне, ки аз аъмоли хуб ё нохуби фарзандонашон озурда шуда ва такя бар сандалии нармро дар кунҷи хона ихтиёр мекунанд… Имкон дорад суолҳои “Чи кардам? Чаро чунин иттифоқе рух дод? Ҳоло чи кор бояд кард?” сари ӯро гиҷ карда бошад?
Агар навиштаҳои Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, дар Твитер воқеъият дошта бошад, шояд Падар “барои ин ҳама муқассир туӣ” гӯяд ва кинашро аз ҳамсараш бистонад…
Ҳоло шахсеро, ки бештар аз 20 сол зимоми қудратро дар даст доштаву аксарият ӯро “диктотур” ном мебаранд ва пирамардеро, ки нерӯи тану нури дидагонашро аз даст дода, чи чизе метавонад азият кунад?
Бо вуҷуди ҳадсу гумонҳои мухталиф ва “пешгӯйиҳо”, ба андешаи банда, Падар ба суолҳои худ посух наёфтааст. Бахусус, суоли “Ҳоло чи бояд кард?” бе ҷавоб монда…
Дарҳои баста аз дохил
Гулнора ба навбаи худ кини худро аз Твитер меситонад. Эҳтимолан, ҳамаи дарҳо ба рӯйи ӯ баста аст, шояд аз дохил ба дарҳо қуфл задаанд… Ҳатто дари Падар баста аст. Ин дар ҳолест, ки Гулнора борҳо дар Твитер аз “ноогаҳии падараш” дар бораи иттифоқоти рухдода хабар дода буд. Магар Падар хабар надорад?
Ҳоло Гулнора аламашро аз Модару Ҳоҳараш мегирад. Ба раҳбари дастгоҳи амниятии кишвар, ки таъмини амнияти хонаводаи Каримовро ба ӯҳда дорад, низ ҳамла мекунад.
Қаблан Гулнора дар Твитер ба афроде, ки ӯро тавсифу ситоиш мекарданд, посух мегуфт, ба “нерӯҳои сиёҳ” фуҳш медод ва дари гуфтугӯро ба рӯйи хонандагоне, ки ӯро ситоиш намекунанд, баста буд. Дар Твитер олам гулистон буд…
Дирӯз ӯ аз ҳузураш дар идораи пулис барои озод кардани яке аз ҳаводоронаш хабар дод. Оё Гулнора худро акнун сарбоз ё муборизе танҳо алайҳи бедодиву ситам эҳсос мекунад?
Оё ӯ тоза дарк карда, ки ба як мудофеъи ҳуқуқи башар табдил шудааст, дар ҳоле ки қаблан ин гурӯҳҳоро чашми дидан надошт ва дар бораи онҳо бо киноя ҳарф мезад?
Оё Гулнора, ки имрӯз бо шиъори “Ҷавонон ояндаи мо ҳастанд, акнун соли 1938 нест!” ҳамаро шигифтзада карда, магар дар 20 соли гузашта хабар надошт, ки садҳо ва ҳазорон тан аз ҷавонон, ба “ҷурми” намоз хондан, таҳсил дар донишгоҳҳои хориҷӣ, эътироз ба беъадолатиҳои иҷтимоъӣ ва ё маҳбуб шудан ба хотири ашъори худ дар миёни мардум аз ҷониби режим боздошту зиндонӣ шудаанд?
Магар барои иттилоъ наёфтани ӯ аз мавориди кушта шудани даҳҳо ҷавон аз шиканҷа ва сарнавишти хонаводаҳои онҳо Падар “духтарам, ин гузоришҳоро нахон, мафкураатро хароб мекунад” гуфта буду ба таври махфӣ дастрасӣ ба интернетро масдуд карда буд?
Ҳоло Гулнора дар чи бора фикр мекунад? Ин суолҳои маъмулист… Чи бояд кард? Аз кӣ бояд имдод хост? Суҳбати ӯ аз оянда, Ватан ва соли 1938 дар Твитер ба ин мақол мемонад, ки “инсон дар ҳоли ғарқ шудан ба ҳар хасу хошоке чанг мезанад.”
‘Арзишҳои миллии’ хонавода
Падар, ки дар пӯсту устухонаш фарҳангу сиёсати даврони шӯравӣ маъво гирифтааст, ҳаргиз натавонистааст фарҳанги маҳаллиро дарк кунад. Аввал каломи ӯ ба забони ӯзбакӣ чандон мафҳум набуд, баъдан беҳтар шуд.
Аммо дар заминаи фарҳанг аз қироати матни суханрониҳояш дар бораи “арзишҳои миллӣ”, ки барояш таҳия мекунанд, гоме ҷулӯтар нафтааст…
Дар ҳоле ки телевизиюни Узбакистон ҳамвора ба таблиғи иффат ва шикастанафсии хосси ин миллат машғул аст, аксҳои духтари нимбараҳнаи Каримов дар сафаҳоти аввали маҷаллаҳои вижаи мардон дар Ғарб медурахшанд… Тасовири бо қомати хаму рости ин бонуи дӯстдори варзиши йуго дар қолаби “арзишҳои миллии” режим ва расонаҳои давлатии Узбакистон намегунҷад.
Зимни машғулият ба умури давлатӣ, ширкат дар дидорҳои расмӣ ва ҷаласоти ҳукуматӣ зеҳни ӯ имрӯзҳо ба чи фикре андармон аст? Бо таваҷҷуҳ ба иттифоқоти ахир дар ин хонавода оё метавон пешомадҳои бадтареро ҳам интизор дошт?
Чунин як “моҷарои хонаводагӣ” дар зиндагии ҳеч як аз раҳбарони Узбакистон дар гузашта собиқа надоштааст. Бавижа ин ки асрори хонаводаро на фарде бегона, балки аъзои он ифшо кунанд.
Ахиран лутфу марҳамати ҳамватанонаш нисбат ба Гулнора Каримова дар шабакаи иҷтимоъии Твитер коҳиш ёфта ва худи ӯ низ гуфта буд, ки “дар Узбакистон аз ман камтар ҳимоят мекунанд, ман бештарин пуштибониро аз Русия ва Қазоқистон эҳсос мекунам.” Чаро?
Албатта, бархеҳо чоплусона ва бархе самимона “Мо бо шумоем”, “Шумо модари мо ҳастед” ва “Дӯстатон дорем” навиштаанд. Даму дастгоҳи ин режим бар пояи чунин муносиботе устувор аст. Яъне, аввал ба осмон мебаранду баъд ба замин мезананд. Воқеъан, соли 1938 шурӯъ шудааст!
Дар кул, мавзӯъоти баҳсбарангези тайи ҳафтаи ахир барои Узбакистон тозагӣ надорад… Мушкилоти марбут ба шиканҷа, боздоштҳои худсарона ва ғайриқонунӣ, озору азият, саркӯб ва хафа кардани садои муътаризон дар Узбакистон тайи 24 соли гузашта вуҷуд доштааст.
Соли 1938, ки Гулнора Каримова аз он ёдовар мешавад, дар Узбакистон соли 1989 шурӯъ шуд, замоне ки Ислом Каримов ба қудрат расид. Ин ‘соли шум’ домани Узбакистонро чунон муҳкам гирифта, ки дар 24 соли гузашта раҳо накардааст. Шояд ‘қисматаш ҳамин буда?’
Дар Тошканд ҳоло фасли хазон аст. Дуди кӯраи Твитер аз ин шаҳр ба фазо печида ва ҷаҳонро фаро гирифтааст… Дар миёни ин дуд шарорае намудор аст…
Маълум нест, ки паёмҳои Гулнора дар Твитер огоҳона буд ё хайр, вале дар вопасин чакидаҳои қаламаш ӯ навишта, ки иттифоқоти ахир “мунҷар ба инфиҷоре хоҳад шуд…”
“Би-би-сӣ”