Categories Uncategorized

Ҳамоиши солонаи мусалмонони Осиё дар Тайланд баргузор шуд

Ҳамоиши солонаи мусалмонони Осиё дар донишгоҳи “Чулолонкурн” – и шаҳри Бонкук, пойтахти Тайланд баргузор шуд.

Ба гузориши “sunnionline”, коршиносон ва андешамандони динӣ дар ин ҳамоиш зарфиятҳо ва нуқоти заъфи ҷомеъаҳои мусалмонон дар Осиёро баррасӣ карданд.

Ироаи мақолот дар бораи вазъияти мусалмонони Осиё тавассути устодон ва андешамандони мусалмон ва барпоии мизи гирд бо унвони “Таъсири мусалмонони Осиё бар ҷомеаи мусалмонони Тайланд” аз дигар барномаҳои ин ҳамоиш буд.

Ҳамоиши солонаи мусалмонони Осиё бо ҳимоят ва ҳамкории марказҳое назири Бонки исломии Тайланд, донишгоҳи Чулолонкурн ва бархе дигар марказҳои муҳими давлатӣ ва хусусии ин кишвар баргузор шудааст.

Масъулон баргузории ҳамоиши мазкурро умедворона, ки рӯзе ҷомеаи мусалмони ин кишвар метавонад сабаби ваҳдати мусалмонони Осиё шавад, баргузор карданд.

More From Author

You May Also Like