nahzat.tj
Профессор Абдул Раҳмон ал-Бир, яке аз роҳбарони ҳаракати «Ихвон ул-муслимин» ва декани факултаи усули дини Донишгоҳи Азҳар фатво дод, ки мувофиқи он ҳамла барои забти сафорати кишвари хориҷӣ ҳаром аст.
“Мувофиқи шариъат мо вазифадорем, амнияти сафоратхонаҳоро аз ҳама гуна ҳамлаҳо муҳофизат кунем.” – гуфт профессор.
Ҳамчунин ал-Бир дар саҳифаи худ дар Фейсбук навиштааст, ки ҳар як аҷнабӣ, ки қонунан дар кишвари онҳо бо раводид омадааст, аллакай дар ҳимояти мо қарор мегирад.
Ӯ меафзояд: “Мо вазифадорем, ки ӯро пурра зери ҳимоя гирем, зеро ҳуҷум ба ӯ ин ҳуҷум ба ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.”