nahzat.tj
Ин фоли нек аст?
Хӯшае аз боғи матбуот
“Тоҷикистон” ҳамроҳи Иззатбеки Идизод бори дигар исбот мекунанд, ки “Қайчӣ дар шикам” мемондааст.
Анвар ном собиқ корманди БДА-ро ҷарроҳӣ кардаанд. Ӯ сиҳат шудам гуфта, ба Русия ба кор рафтааст ва бо моҳонаи 1500 доллар шуғле ҳам ёфтааст, вале дарди ҷонкоҳ ӯро ором намегузошт. Аз ин сабаб ба ватан баргашта, назди духтури ҷарроҳ рафтааст ва ниҳоят ӯ иқрор кардааст, ки “ҳангоми ҷарроҳӣ садамае шудаву маҷруҳони вазнинро оварда. Маро як лаҳза ба берун даъват карда буданд. Ман бошам, дӯхтани шикаматонро ба ҳамшираи шафқат супорида будам ва ӯ ба иштибоҳ роҳ додааст…”
Чун муаллиф ин воқеаро ба ҳамкасбе нақл кардааст, ӯ гуфтааст, ки ҳамсояашро се бор ҷарроҳӣ намудаанд.
Эҳтиёт кунед, то ки ба дасти чунин табибони бемасъулият ва фаромӯшхотир наафтед.
“Озодагон” бо мақолаи “Сакарот” аз ҳунарпеша А. Шарифӣ дар бораи вазъи забону фарҳанг дар байни… бофарҳангон дар атрофи ҷашнвораи байналмилалии “Дидор”сӯҳбати дардноке овардааст. Муаллиф менигорад, ки дар ин маҳфил зиёда аз 70 филм иштирок дошт, вале толор нимхолӣ… Шарифӣ менависад, ки дар бораи ҳунарпешаи маъруф Марат Орифов, нақши Рӯдакӣ ва АБӯалӣ Синоро таносубан дар филмҳои “Қисмати шоир”, соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ гардида буд ва филми “Абӯалӣ Сино” бозида буд, коргардони эронӣ Муртазо Нидоӣ филми мустанади худ “Қисмати шоир”- ро ба ҷашнвора овардааст. Чаро хориҷиён дар бораи аҳли фарҳанги мо зиёдтар ғамхоранд?
Айнан чунин воқеаро метавон дар бораи академики шодравон Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфт, ки боз ҳамон эрониҳо дар бораи эшон филми мустанаде аз рӯзгори устод Шакурӣ ошӯрдаанд.
Вале чун сухан аз филми “Қиёми рӯз”, муаллифи сенарий Сафар Ҳақдодов ва коргардон Носир Саидов, меравад, Шарифӣ афсӯс мехӯрад, ки ин филм миллати тоҷикро паст мезанад. “Баъди бист соли истиқлолият мо ҳоло ҳам дар асарҳоямон умед ба бегонагон дорем, аҷнабиён моро наҷот медиҳанд ва бе онҳо мо ҳечем. Занамон ҳомила шавад, барои кӯмак ба назди марди бегона меравем, симхорро бегона меканад, дар деҳ ягон диловари тоҷик нест…”
Зарина Эргашева аз “Азия Плюс” дар гузориши хеш “Мувофиқатнома дар бораи бекор кардани боҷи маҳсулоти нафтӣ дар моҳи ноябр имзо мешавад” таъкид дорад, ки Тоҷикистону Қирғизистон калонтарин харидонрони маҳсулоти нафтии Русия мебошанд, вале танҳо Тоҷикистон бо нархи аз ҳама гарон ин маҳсулотро аз Русия мехаридааст. Дар Тафоҳумномаи миёни Русия ва Тоҷикистон имзошуда гуфта шудааст, ки то 1 ноябр бояд боҷи маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон бекор карда шавад, вале маълум мешавад, ки ҳанӯз чунин ҳуҷҷат имзо нашудааст. Шояд хари Русия аз лой баромад, дигар ҳоҷат ба арзон кардани маҳсулоти нафтӣ намонда бошад?
“Панҷсад соли озодӣ” – чунин ном дорад мақолаи дигари “АП”, ки он ба фаъолияти яке аз адвокатҳои боҷасорат, донишманд ва пуртаҷрибаи тоҷик Солиҷон Ҷӯраев бахшида шудааст. Ба мухбири “АП” вакили номӣ гуфтааст, ки агар фаъолияти адвокатиашро ҷамъбаст кунад, ба ӯ муяссар шудааст, ки дар тӯли фаъоолият аз айбдоршудагон 500 соли маҳбусиро кам кунад. Ҳатто чунин парвандаҳое будаанд, ки айбдоршавандаро мебоист ҳукми паррон медоданд, вале Ҷӯраев тавонистааст чунин айбномаи ҷиддиро ҳам бекор кунонад. Масалан, дар як парванда 16 афсари Вазорати мудофиаро ба ҷиноятҳои вазнин ва хеле вазнин муттаҳам мекарданд, вале ӯ тавонист ҳамаи онҳоро сафед кунад.
Ҳафтаномаи “Истиқлол” як гузориши кӯтоҳи Мӯъмин Аҳмадиро бо номи “Барқияи Оқилов барқро дар Кӯлоб то 12 соат кам кард” меорад ва дар он омада, ки “ду сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар гуфта буд, ки маҳдудияти барқ дар тамоми шаҳрҳои Тоҷикистон аз байн рафтааст ва дигар шаҳрҳои кишвар ҳамеша бо барқ таъмин хоҳанд буд. Аммо Аҳмад Кишваров, сармуҳандиси Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ин мавзӯъ танҳо дар як сӯҳбати президенти кишвар буд ва дар ҳеч қарору санад сабт нашудааст…”
Аз ин гуфтаи мансабдор хулоса бардоштан мумкин аст, ки президент ваъда кардан мегирад, вале он сухан то ба қонун ё қарори расмӣ табдил наёбад, ба он ваъдаҳо бовар накунед!
Гуфтаи Кишваров дуруст аст, зеро президент ваъда карда буд, ки соли 2013 агрегатҳои нахустини НОБ-и Роғун ба кор медарояд…
Вале ин чиз имрӯз афсона менамояд.
“Гуноҳи мо бештар, на аз…” – бовар дорад рӯзноманигор Неъматуллои Нурулло, чун сухан аз татбиқи забони давлатӣ меравад: “Дар ТВ-ҳои мо, ки баъзан филмҳоро пешкаш мекунанд, тарҷумаи қисме аз фимлҳо ба забони тоҷикӣ нест. Сафир ё намояндае, ки ҳисобот аз сӯҳбат ва сафар медиҳад, тарҷумаҳо аксар ба забони русианд…”
Вале калидмақолаи ин нашрия “Қорӣ Воситро аз Россия дуздидаанд” мебошад. Ӯ собиқ аз фаъолони мухолифин ва аз муҳофизони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода буд ва дар шаҳри Волгоград аз ҷониби гурӯҳи силоҳдорони ниқобпӯш дуздида шудааст. Вакили ӯ Юлия Аксёнова мегӯяд, ки “шояд дар ояндаи наздик Қорӣ Абдулвосит дар Тоҷикистон “иқрор хоҳад шуд, ки худ ба Ватан баргаштааст, тавре ки бо Низомхон Ҷӯраев, собиқ раиси Корхонаи кимиёи шаҳри Исфара шуда буд. Аммо Латофат Имомова, модари Абдувосит Латипов, рӯзи ҷумъаи 26 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки аз як манбаъ дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон фаҳмидааст, ки писараш феълан дар Душанбест…”
Дар айни ҳол “Фараж” дар мақолаи “Қорӣ Абдувосит “исчез!” ин суханро, ки Қорӣ ҷондори Ҳоҷӣ Акбар буд, аз забони худи Тӯраҷонзода рад мекунад: “Вале Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ин хабарро рад карда, онро бепоя ва беасос хонд. Ӯ гуфтааст, ки Абдулвосит Латипов ҳеч гоҳ аз ҷумлаи муҳофизони ӯ набудааст.” Боз “Фараж” силсилапурсишеро таҳти унвони “Интихобот – 2013” идома медиҳад, ки дар он номҳои номзадҳои эҳтимолиро то ба 22 нафар овардааст ва аз хонандагон хоҳиш дорад, ки барои номзадҳои арзанда овоз диҳанд. Исми зиёде оварда, вале барои чӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев дар он феҳрист нагунҷидааст, барои мо муаммо монда. Аз назари мо ин гуна пурсиш ҷиддӣ ҳам несту ва ҳаргиз воқеиятро инъикос намекунад, вагарна Шодӣ Шабдолов ва Тӯраҷонзода 1 овозиву Қурбоналӣ Мирзоалиев, ки имрӯз дар ҳошияи сиёсат қарор гирифтааст, дар як ҳафта 200 овоз гирифтааст.
“Чархи гардун”низ аз Радиои Озодӣ гузориши Шаҳлои Гулхоҷаро бо номи “Адолат Раҳмонова: Гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷавононро ба зидди ҳукумат мешӯронанд” ба табъ расонидааст. Адолат хонум ҳафтаҳои охир нохост фаъол шуда, ҳукуматро огоҳонида истодааст, ки ором нашинанд, зеро баъзе ҳизбҳо мекӯшанд, занҳоро ба сафи худ ҷалб кунанд. Маълум мешавад, “давлати пирӣ” маъқулаш нашудааст ва боз мехоҳад, номаш вирди забонҳо бошад, чунки солҳо ӯ директори ширкати қолинбофии “Адолат” дар Данғара буд, вале на номашро мешунидем ва на қолинашро медидем.
Умуман, ба майдони сиёсат рехтани ин хонум фоли нек бошад?
Чанде пеш дар сомонаи tojnews сӯҳбати собиқ маҳбус Саидалӣ Казаков бо хонандагони интернет баргузор шуда ва дар он ӯ далелҳои аҷоибро оварда буд, ки маҳбас ҷойи порагирон низ будааст. Масалан, барои вохӯрии бенавбат ва ё гузаронидани пул чи қадар ришва мегиранд, ӯ нишон дода буд. Акнун ҳафтаномаи “СССР” мақола, не беҳтараш ҳисобнома ё чи тавре газета навиштааст, маълумотномаи фаврӣ нисбати собиқ маҳкумшуда – Казаков Саидалӣ ва Икромзода Ҳамзаалиро чоп кардааст. Ин маълумотномаи фаврӣ (чаро фаврӣ, нафаҳмидем) ба қалами Раҳимов М., муовини сардори муассисаи ислоҳӣ Я/С 3/1 оид ба корҳои фаврӣ-низомӣ, майори хизмати дохила мансуб аст ва хуб мебуд, дар “Нигоҳ” чоп мешуд. Ин муаллиф менависад, ки маҳбус Казаковро барои нигоҳ доштани ашёи манъшуда, ба монанди пул ва телефон ҷазо дода будаанд. Саволе пайдо мешавад, ки чӣ тавр он пулу он телефон дар ҷайби маҳбус пайдо шудааст? Маълум мешавад, воқеият будааст, ки ин гуна ашё ё пулро ба маҳбас тавассути ришва ворид мекардаанд. Агар бе пора дароварда бошанд, пас сифати кори нозирони маҳбас хуб набудааст, ки касе чизе хоҳад, медаровардааст… Яъне, Раҳимов М. Барои тасдиқи гуфтаҳои Казаков ин ҳисоботро фаврӣ ба чоп овардааст ?
Ҳамчунин идомаи силсиламақолаи хонданбоби Одинашо Муродов таҳти унвони “Духтарони президент – 3” ба табъ расидааст ва мо умедворем, тадриҷан дар давоми ин силсила дар бораи фарзандони президенти худамон ҳам мехонем…
“Нигоҳ” мақолаи Фаромарзи Фозил “Истеъфо. Ҳукумати Тоҷикистон чаро корношоям шудааст?” ба табъ расонида, менависад: “Миёни мардум миш-миш аст. Ки президенти Тоҷикистон бо назардошти ҳамаи ин мушуилиҳои ба сари мардум омада, тасмим гирифтааст пез аз интихоботи президентии соли 2013 ҳукумати кишварро пурра ба истеъфо фиристода, мутахассисони ҷавону болаёқатро новобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳизбиашон ба ҳукумати нав ҷалб мекунад.”
Аммо бовари кас ба ин миш-миш намеояд, зеро мушкил аст қудо, писар, духтар, аммабаҷаву ҳамшаҳру домодро ба истеъфо фиристодан…
Бо нақли ширини ҳаҷвнигор Ҷумъаи Мирзо сӯҳбати имрӯзаро ба поён мерасонем
“Кашмир дертар тинҷ шавад”
Сафорати Ҷумҳурии исломии Покистон ҳар сол “Рӯзи ҳамраъйӣ бо Кашмир” мегузаронад. Пас аз маросими расмӣ иштирокчиёнро ба як пиёла чой даъват карданд. Бо ҳамроҳии Ҳотами Ҳомид аз нозу неъматҳо нӯши ҷон кардему оҳистекак ба ба гӯши ӯ гуфтам: “Ҳотамҷон, Худо гӯй, ки Кашмир тинҷ шавад, вале баъди се- чор соли дигар.”
“Барои чӣ, устод?”-пурсид Ҳотамҷон.
“Кашмир, ки тинҷ шуд, дар гумон аст, ки дигар чунин ташкилиҳо баргузор кунанд…”