Categories Uncategorized

“Забони тоҷикӣ” пояи таърихӣ надорад!

ОбидиШакурзода

НавиштаиМуҳибуллоҳи Қурбон “Улампики”-и ВВС”-ро пиромуни покии забони модарӣ дар хитоб ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ӽукумати Тоҷикистон хондам.

Рук мегӯям: интизори ман аз адибе, ки аз гузаштаи қавми хешу ақвоми дигар ба хубӣ ошност, дар боби забон дигар буд. Зеро ба шаҳодати таърих абардавлатҳо рушду нумуъи забонро пешкори барномаи аслии амал қарор додаанд ва ҳамзамон бо пироиши як хиттаи қонунманд, шаҳрҳои бузург ва лашкари тавоно забони гуфтори муҳкаму болиғро низ такмилу таъмир мекарданд, чиро ки забони воҳид – мароми воҳид! Намуна – императории румиён, осуриён, мисриён, бобулиён, ҳиндиён ва чиниёни бостон ва… Адабиёти класикии мо низ бо оини сеҳргуна, ки андешаи неку каромоти инсониро меҳвар қарор дод, аз ҳама пеш аз лутфи сухани побарҷо моя гирифт ва ҷаҳонӣ шуд. Ва муфту маҷҷонӣ набуд, ки бузургони ин адабиётро “соҳибқирони назм”, “ҳуҷчату-л-ҳаққ”, “паямбарони назм”, “афсаҳу-л-муткаллимин”, “султону-л-маъонӣ, “лисону-л-ғайб” унвон диҳанд ва саҳлу сода ҳам нест, ки Мавлоно (дар муқаддимаи дафтари аввал) гӯяд, ки ин «Маснавӣ» «ба дастҳои фариштагони нависанда ва гиромиёни олимартаба навишта шуда» ва Саъдиро аз Эрону Арабу Ӽинду Рум то дуриҳои Чин ба форсӣ замзама кунанд. Масъалагузории Шумо – поккории забон аз алфози ноҷову бегона, шойиста аст, аммо талқине ки мекунед, ба назари банда оҳанги диктаи русхоҷаҳои дирӯзаро медиҳад, ки қобили қабул нест. Таваққуъ аз Шумо ин аст, ки дар корбурди номи ҳақиқии забони модарӣ на ин ки бо мулоҳазаву андеша бошед, балки ҳамчун аҳли адабу фазл барои расидани ҳаққ ба ҳаққдор саҳм гузоред. Чӣ агар “Хусрав”-ро “Каҷрав” ном бурдан зишт бошад, низ “форсӣ”-ро “тоҷикӣ” гуфтан зишттар аз он аст. Оё метавонем, гӯем, ки вожаи «забони тоҷикӣ» чӣ ифтихороту чӣ қидмат дорад? Магар Рӯдакиву Низомии Арузиву Сино, Шоҳ Носири Қубодиёниву Балъамиву Беруниву Хоразмӣ, ки хуросонӣ (Бухорову Самарқандӣ) буданд ва илму адаби миллии моро пай афканданд, «тоҷикӣ» (?!) навиштаанд? Оё вожаи “форсӣ”, ки шуниданаш барои чиновникҳои кремлинзадаи мо ғашогин шудааст, аз шаҳрҳои Райу Шерозу Исфаҳону Ҳамадон ба Мовароуннаҳр омада ва ё аз Балху Бухорову Хоразм ба он ҷойҳо боли ҳумоюнӣ кушода?! Забони мо, ки «форсӣ» буд, аз соли 1938 ин ҷониб бо дикта (дасти зӯр)-и мутаҷовизини рус «тоҷикӣ» кунонида шуд. Ва аз ҳамин давра Наҳси Кайвоне дар самои забони мо падид омад ва боғи ҳамешабаҳори онро шуруъ кард ба хазон кардан, ки дар ин бора матбуот матолиби зиёде дарҷ карда. Аммо Шумо, аз нопокии муҳитзистии забони модарӣ изҳори нигаронӣ карда, аз ҷумла родиёҳои мамолики бегонаро нукта мегиред, ҳол он ки ба назари мо, «хона аз пойбанд вайрон аст». Имрӯз дар ҳич идора ва вазоратхонае, мадраса ва донишкадае ба имлову иншову мантиқи расо таваҷҷуҳ намешавад, зеро фанни имлову сарфу наҳвамон пур аз нақс, воруна ва бемор аст. Дар хурофоти бешармонаи ғалату ёванависии тамом ғарқа гаштаем ва пинаки касе аз ин беҷо намешавад. Адибону донишмандон ғалат менависанду ғалат мегӯянд, муллову мударрису омӯзгоронамон низ. Баъди ошноӣ бо матлаби Шумо, барои озмоиш, аз ноҳияи «Гулистон» то наздикии Бозори “Саховат”-и пойтахт (фосилаи ду-се ҳазор қадам) наздики ҳаштод лавҳаву тоблу ба тоҷикӣ баршумурдам, ки ҳам расмӣ буданду ҳам хусусӣ ва ҳама ба таври хандасор ғалату ноқису омиёна, ки рангу матоъу чӯбу филиззу… сарф кардаву китобат намудаанд! Ва бо ин вазъ ҳайрон аз онам, ки дониста аз Кумитаи истилоҳоте, ки фаъъолияташ тақрибан малмус нест (ба мисли Фарҳангистони улум, ба мисли пажӯҳишгоҳҳои забон ва адабиёту дигару дигар), мадад мепурсед? Магар ҳамин идораҳои бо номи баланду ҳайсияти паст нестанд, ки намояндагони бесаводу бегонапарасти Порлумони кишвар нахуст вожаи «форсӣ»-ро дар Қонуни забони мо ба қафас (қавсайн) ҷо дода, баъдан, аз он қафас низ ронданд? Ва акнун ин ниҳодҳои бонуфузи ҳомии забон, ин соҳибунвонҳои илм ва ин адибоне, ки лофи маҳаббат аз ватану таърихи он мезананд бо Конуни адибони хеш ғайрату ҷасорату орияте надоранд, ки дар Порлумони зидди фарҳанги миллӣ баҳсе ороянду гӯянд: таъбири “забони тоҷикӣ” бофтаи душман аст ва тавҳине ба исми забони модарии мост. Ин забон бо номи “форсӣ” аз файзи хоки поки сарзамини мо осмонӣ шуд! Гузашта аз ин, ин ургонҳои расмӣ як бор аз Кумитаи родио ва телевизиони кишвар намепурсанд, ки чиро ҳар рӯз даҳҳову садҳо маротиб шабакаҳои расмии телевизион дар гуфтори тоҷикӣ хато мегӯянду хато менависанд ва дастгоҳи порозитафкане барои забони модарӣ шудааанд? Радиои «Озодӣ», ВВС-и тоҷикӣ ва ду-се нашрияи мустақиле, ки исмашонро наёварда сарчашмаи бебандубории вожаҳо мехонед, на ба ин дараҷаанд ва шуъоъи начандон паҳне дар Тоҷикистон доранд, ки Телевизионҳои давлат ва матбуоти расмии кишвар дошта бошанд. Аммо бодлохи уфунати забони модарии мо то имрӯз ин Фарҳангистони улум (бо фарҳангҳои тафсирии ахираш), ин вазоратхонаҳои кишвар (бо китобҳои аксаран бесаводонаву обакӣ) ва Телевизиони Тоҷикистон бо парту палои рӯзмаррааш будаанд. Зеро аз бехабарӣ, бетаваҷҷуҳӣ, ё бетарафию бетафовутии инҳо забони модарии мо рӯзафзун поймолу таҳқиру абгор шудааст.

Ин як мантиқи сода аст, ки агар меъмор аз меъёри дониши фанни хеш по ба берун ниҳад, қасру кохи сохтааш дер напояд, ё пизишк ин формулро муроъот накунад, дар назди бемор аблаҳ шавад ва ё… Меъёри забон низ бояд дар чаҳорчӯби дастури илми забону мантиқ бошад, на гуфтори омиёна. Қаламкаш бо ин меъёр назму тартибе дар нигориш меофарад ва оммаро бо дониши саршор аз паси хеш мебарад. Нуктаи бозёфтаи ӯ бояд гулчине аз боғистони китобу донишномаву қомусҳо ва муносиб бо қолиби забон, суфтаву равону равшану омӯзанда ва аз ҳама муҳимм, ҳовии фарҳангу таърихи аҷдодӣ бошад. Оё барои худи Фирдавсӣ зарур буд ва ё барои поёийи фарҳангу таърихаш, ки дар миёни гӯишҳои мухталифи мардуми Эрони мо ва дар қиболи ақвоми гуногуни он, ба мисли тоту тоҷику толиш, балуҷу паштуву курд ва бегонагони турку араб, сабки муаззами паҳлавонӣ, ё паҳлавӣ ва ё ки порсӣ (форсӣ)-ро баргузинаду ба сарзаминаш номи ҷовидонагӣ бахшад? Албатта, барои Ватанаш! Ва мисоли наздик: соли гузашта, таҳти шиъори пролетории «оммафаҳм шавад!», ё «эронча(?!) нагӯем!» китоби «Энсиклопедияи миллии тоҷик»(?!) чоп шуд. Ин ҷо мурод «Донишномаи Тоҷикистон» гуфтан аст ва вожаи «донишнома» форсисту ёде аз маърифати гузаштаи мояварамон (исми рисолаи ҳамноми Шайхурраис ибни Сино) аст ва вожаи «Тоҷикистон», ки ҳовии як кишвар! Кадомӣ беҳтар – «Энсиклопедия» ё «Донишнома»?!

Аз матлаби Шумо пай набурдам, ки оё раводори навиштану гуфтани «Штатҳои Муттаҳида» ҳастед ва «Москва» ва ё «Шанхай»? Тамоми ҳарҷу марҷе, ки то имрӯз дар забони мо уштлум мекунад, аз ғафлати шахси мо ва аз доми тазвири хоҷагони «Маскваҷони азиз»-и мост (таъбири шоъир Раҳимӣ), ки на танҳо ба иҷбор исми забонамонро табдил карданд, балки алифбои якҳазору дусадсолаамонро низ аз дастамон рабуданд ва сирилликро бар сарамон таҳмил карданд. Русҳо, ки дар солҳои сийи асри гузашта мероси хаттии ҳазорсолаамонро даста даста оташ заданд ва равшанфикронамонро лак андар лак бо”ҷурм”-и хатти қуръонӣ донистан нобуд карданд, бо “тоҷикӣ” кардани забон ва сириллик кардани хатти мо, моро гунгу кӯре намоиш доданд, ки гӯиё на гузаштаи маънавие дорему на фарҳангу дониши бунёдӣ ва гуфтанд – ин мо будаем, ки омада шумои хуфтаро гуфтору навиштор омӯзонида, бедор кардем! Аммо музирртар аз ҳама шиъори даҷҷолиашон буд: “содда нависед”, “ба забони халқ нависед”! (Гӯиё нависандагон “халқ”(?!) набошанд!) Пурсиш ин аст: чун алифбои як миллатро бо аҳли китобу донишаш қатлиом мекунед, бояд кӣ суфтаву наздик ба забони мардум нависад – “одинаҳову дохундаҳову некқадамҳои беқалам, бе китоб, бемактаб ва харсавору хокбозу чокар”?!

Акнун аз шарри ин алифбои бегона Амрико, Амирко, Америка, Штатҳои Муттаҳида мегӯем. Ва лутфан нигаред ба “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муъин, ки омадааст: ОМРИКО (алифи мамдуд, яъне ҳарфи О(!), мим, ро, коф, алиф)! Ва низ нигаред ба калимаи «Улампик», ки «таҷовузи гӯшхароши ВВС»-аш хондаед: Уламп (алифи мафтуҳ, лом, мим, пе) бо транскрипсияи лотиниаш: olamp; агар олимр мебуд, устод Муъин менавишт: alimp.

Ба ҳамин тартиб, агар мадраки аслӣ китоб (ҳамчун пояи фарҳангу маърифати ҳар қавм) бошад, дар мавриди Ӽинд ва Чин низ ҳаққ ба ВВС-и форсист. Аз Фирдавсиву Низомиву Саъдиву Мавлонову то «Овози тоҷик» (соли 1924, Самарқанд) ғолибан Ӽинду Чин гуфтаанд ва Хитой ( Китай, ки аз рус сироят шудааст) ё Хито (бо “итқӣ”) – на кишвари Чин, балки бахши шимолийи Чин ва Туркистони Шарқӣ ва қисмате аз Сибирӣ аст. Ниг. “Луғатномайи Деҳхудо”. Аммо дуруст фармудаед, «чиноӣ» гуфтану навиштан ғалат аст!

Хулоса, кор то ҷое расидааст, ки хасеро дар чашми дигарон дидаему чӯби гурмсори чашми хеш аз назарамон ниҳон мондааст. Ӽол он ки ВВС-ву «Озодӣ»-ҳо ба ҳич ваҷҳ кафили созандагии ҷомиъаи мо нестанд, балки бояд худи мо аз ҷумла забони хештанро таъмир бикунем, он гуна, ки ёдашон ба хайр, Ӽахоманишиён карданд (ки форсӣ забони аввали оламиён буд, чунон ки имрӯз инглисист) ва Сомониён (ки форсӣ аз аҳди онон то нуҳсад соли дигар дувумин забони ҷаҳони ислом буд). Ва наздиктарин роҳи раҳоӣ аз ин бебандубориҳо эҳёи дубораи «форсӣ» (манзур сарфу наҳви суннатии хеш) дар Тоҷикистони азизамон ва бозгашт ба алифбои муқаддаси форсӣ хоҳад буд.

More From Author

You May Also Like