Categories Uncategorized

Муовини пешини раиси вилояти Хатлон озод гардид

Сокинони деҳаи Белайдузи ноҳияи Ҳисор гуфтанд, ки рӯзи шанбе дар ин деҳа «оши худоӣ» ба муносибати раҳоии Сайвалӣ Узбеков баргузор гардидааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ Сайвалӣ Узбеков, собиқ вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини пешини раиси вилояти Хатлон, ки бо модаи 289 (контрабанда) ва бо моддаи 245 (тасаруфи моли ба миқдори махсусан калон) айбдор дониста мешуд, «бо сабаби гузаштани муҳлати ҷавобгарӣ», рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта дар толори додгоҳ озод карда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, дафтари матбуотии Додгоҳи олии Тоҷикистон ба озодӣ баромадани Сайвалӣ Узбековро, ки ба фурӯши ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо муттаҳам дониста мешуд, тасдиқ кард.

Ҳамчунин Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сурати гузаштани мӯҳлати ҷавобгарӣ, шахси гунаҳкор ба ҷазо кашида намешавад.

Саидвалӣ Узбеков, собиқ вакили парлумони Тоҷикистон ва собиқ ноиби раиси вилояти Хатлон, аз соли 2001 ба ин сӯ дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор дошт баъдан поёни соли 2012 аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар Душанбе боздошт гардид. Гуфта мешавад, ки Узбеков, чанд соли ахир дар Дубай ба сар мебурдааст ва дар остонаи соли нав ба Душанбе баргашта баъд аз 3 рӯзи бозгашташ дастгир шудааст.

More From Author

You May Also Like