Categories Ахбори рӯз

Вазирони маорифи ИДМ ба Душанбе меоянд

Бино ба иттиллои оҷонсии АМИТ ХОВАР аз 19-20 июни соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ХХ1V Шӯрои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва Конфронси XX1V вазирони маорифи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил баргузор мегардад. Дар ин кори конфронс суханронии Сарвазири ҶТ О. Оқилов дар назар дошта шудааст. Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши мазкур масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи маориф муҳокима шуда, дар ҷамъбасти он санадҳои дахлдор қабул мешаванд.

More From Author

You May Also Like