Вакилони дифоъ: Аз вазъи Карамхудоев нигаронем

Зайнаби Муҳаммаддухт

nahzat.tj

Вакилони дифоъ мегӯянд, ки онҳо ҳар ҳафта зерҳимояи худро мебинанд, аммо имкони акс ва ё сабти садои ӯро надоранд. Дар ҳамин ҳол ҳамсари Шерик Карамхудоев ва пайвандонаш мегӯянд, талоши семоҳаашон ҷиҳати дидори боздоштшуда бенатиҷа будааст.

Мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Шерик Карамхудоев , масъули бахши шаҳри Хоруғи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон то 31 декабри соли ҷорӣ муқаррар шудааст.

Дар ин бора Бобохон Яқубов вакили дифоъи Шерик Крамхудоев ба мо иттилоъ дод.

Ба гуфти мавсуф зерҳимояааш бар пояи ҳукми додгоҳ аз 4 октябри соли ҷорӣ то 31 декабри соли 2012 дар ҳабс нигоҳ дошта мешавад.

Аммо бо вуҷуди як моҳ мондан ба мӯҳлати дар ҳабс нигоҳ доштани Шерик Карамхудоев, тафтишоти парвандаи вай шурӯъ нашудааст, ки ин ҳолат боиси нигаронии вакилони дифояш шудааст.

“Мо намедонем, ки чаро то ба ҳол дар истеҳсолот тафтишоти парвандаи зерҳимояии моро шурӯъ накардаанд. Та чанд кори тафтишот кашол ёбад, ҳамон қадар болои саломатиии зерҳимояи мо таъсири манфӣ мегузорад. Зеро вай ба табобат ниёз дорад. Сараш ҷароҳат бардоштааст ва ранҷ мекашад”, – меафзояд ҷаноби Яқубов.

Дар ҳоле, ки вакили дифоъ аз кашол ёфтани кори тафтишот дар парванда ва саломатии зерҳимояааш изҳори нигаронӣ мекунад, ки Шерик Карамхудоев аз шароит ва муносибати боздоштгоҳ шикояте надорад. Ба истиснои муроҷиаташ ба ниҳодҳои суди дар мавриди бегуноҳиаш.

Чанде қабл ҲНИТ боздошти ин узвашро маҳбуси сиёсӣ хонд. Як манбаъ дар прокуратураи генералӣ гуфт, ки парвандаи Шерик Карамхудоев дар салоҳияти раёсати назорати парвандаҳои ҷинотяҳои вазнин аст ва “дар ин самт корҳо рафта истодаанд”.

Вакилони дифоъ мегӯянд, ки онҳо ҳар ҳафта зерҳимояи худро мебинанд, аммо имкони акс ва ё сабти садои ӯро надоранд. Дар ҳамин ҳол ҳамсари Шерик Карамхудоев ва пайвандонаш мегӯянд, талоши семоҳаашон ҷиҳати дидори боздоштшуда бенатиҷа будааст.

Масъули бахши шаҳри Хоруғи ҲНИТ 24 июли соли ҷорӣ дар ҷараёни амалиёти низомии ҳукумат дар Хорғӯ боздошт шуда буд.

More From Author

You May Also Like