Бобокалон Абуев, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Варзоб, ба
ситоди марказии интихоботии ҲНИТ хабар дод: раиси участкаи интихоботии №6-и
деҳаи Дашти Мирон Нарзуллоев Одил нозири наҳзатӣ Қудратзода Суҳробро бо баҳонаи
ин ки мо барои шумо ҷой надорем гӯён дар ҷои махсуси нозирон роҳ надодааст.
Баъдан нозир Қудратзода Суҳроб вақте ки дар роҳрави участкаи
интихоботӣ издиҳом ва талотупи мардумро мушоҳида мекунад, мегӯяд тартибу интизомро
риъоя намоед. Дар ин ҳангом раиси участкаи
интихоботӣ Нарзуллоев Одил мегӯяд, ки ту ҳаққи дахолатро надорӣ ва
бо ҳамин нозири наҳзатиро аз участкаи интихоботӣ берун мекунад.