Categories Ахбори рӯз

«600-солагии Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ» дар ВКД

Рӯзи 16 майи соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати корҳои дохилӣ дар толори ин Вазорат бахшида ба ҷашни «600-солагии мутафаккири бузурги Шарқ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ» дарси хизматӣ доир гардид.
Тавре дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад, дар ин ҳамоиши фарҳангӣ узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Саидалӣ Саид, донишманд – Зулфиқори Солеҳ ва ҳайати мақомоти корҳои дохилӣ ширкат варзидаанд.
Дар ин ҳамоиш донишмандони варзида дар робита ба ҳаёту эҷодиёти безаволи ин мутафаккири бузург ва суханвари беназир табодули афкор намуданд.
Зулфиқори Солеҳ гуфтааст, «Абдураҳмони Ҷомӣ шахсияти на танҳо давраи худ, балки тамоми давраҳо буд. Ӯ истеъдод ва фаросати ғайриоддӣ дошт».
Бояд гуфт, Абдураҳмони Ҷомӣ 18 августи соли 1414 дар Исфаҳон ба дунё омадааст ва сипас роҳ ба сӯи мадрасаҳои Самарқанд паймуда, тамоми манотиқи Мовароуннаҳрро давр мезанад.
Асарҳои безаволи ӯ ба монанди «Баҳористон», «Нафаҳот-ул-унс», «Саламон ва Абсол», «Хирадномаи Искандарӣ» ва ғайра аз шикастанафсӣ, хоксорӣ ва шаҳомати ӯ далолат мекунанд.

More From Author

You May Also Like