Вақте ки модар пир шуд…

Фарзанди азизам, он замон ки маро пир ва аз кор афтода ёфтӣ, агар ҳангоми ғизо хӯрдан либосҳоямро ифлос кардам ва ё натавонистам либосҳоямро дуруст бипӯшам, агар суҳбатҳоям такрорӣ ва хастакунандаанд, сабур бош ва даркам кун…
Ёдат биёвар, вақте ки кӯдак будӣ, маҷбур мешудам, рӯзе чанд бор либосҳоятро иваз кунам. Барои саргармӣ ё хобонданат маҷбур мешудам, борҳо ва борҳо қиссаву достонеро бароят бихонам…
Вақте намехоҳам ба ҳамом биравам, маро сарзаниш ва шарманда накун,
Вақте бехабар аз пешрафтҳо ва дунёи имрӯз суолоте мекунам, бо тамасхур ба ман нангар. Вақте барои адои калимот ё матлабе ҳофизаам ёрӣ намкунад, фурсат бидеҳ ва асабонӣ нашав. Вақте пойҳоям тавони роҳ рафтан надоранд, дастонатро ба ман бидеҳ… ҳамон гуна, ки ту аввалин қадамҳоятро канори ман бармедоштӣ…
Замоне ки мегӯям, дигар намехоҳам зинда бимонам ва мехоҳам бимирам, асабонӣ нашав, ки рӯзе худат хуб мефаҳмӣ. Аз ин ки дар канорат ва музоҳими ту ҳастам, хаста ва асабонӣ нашав. Ёриам кун, ҳамон тавре ки ман ёрият мекардам.
Кӯмак кун, то бо нерӯи шикебоии ту ин роҳро ба поён бирасонам.
Фарзанди дилбандам, дӯстат дорам…
Манбаъ: “tazkеrah”

More From Author

You May Also Like