Пизишк ва табиби машҳур дуктур Эшон рӯзе барои ширкат дар як конфронси илмӣ, ки бахшида ба бузургдошт ва такрими ӯ ба хотири дастовардҳояш баргузор мешуд, ба фурӯдгоҳ рафт. Баъд аз парвоз ногаҳон эълон шуд, ки ба хотири ноҷурии ҳаво ва раъду барқ маҷбурем дар наздиктарин фурӯдгоҳҳо интизор шавем. Пас аз фурӯд омадани ҳавопаймо, маълум гардид, ки парвоз танҳо баъди 16 соати интизорӣ сурат хоҳад гирифт.
Дуктур Эшон нороҳат шуд ва пас аз пурсуҷӯи вақти парвоз ба ғазаб омада гуфт, шумо медонед, ки ҳар дақиқаи дер кардани ман баробар бо аз даст додани ҷони хеле инсонҳост, ман як пизишки машҳури ҷаҳониям ва шумо мехоҳед, ки ман 16 соат дар ин фурӯдгоҳ мунтазир бошам. Дуктур аз бисёр асабонӣ шуданаш, дигар чи гуфтанашро ҳам намедонист. Масъулони фурӯдгоҳ низ ба ӯ бо як ҳайрату тааҷҷуб менигаристанд ва намедонистанд, ки чигуна ба ӯ вазъи ногувори ҳаворо фаҳмонанд.
Ногаҳон яке аз коргарони фурӯдгоҳ ба табиб гуфт, ки агар шумо бисёр саросема ҳастед, пас меравонед барои худ мошине кироя кунед ва роҳи худро идома диҳед. Ҳаво торафт вазъи бадеро ба худ мегирифт, мардум ҳам аз номусоидии ҳаво худро ба маконҳои бехавф мекашиданд. Чун дуктур дид, ки вазъ рафта – рафта вазнинтар мешавад ва боронгарӣ аз ҳад зиёд аст, ногоҳ чашмаш ба кулбаи кӯчаке афтоду канори он кулба мошинро манъ кард ва дарро зад. Садои пиразанеро шунид, ки мегуфт, дароед, дар кушода аст. Чун табиб вориди кулба шуд, дар аввал хост то аз телефони ин хонадон истифода кунад. Аз пиразан пурсид, мтеавонам аз телефонатон истифода кунам? Пиразан дар ҷавоб гуфт, кадом телефон? Дар ин ҷо не барқ асту не телефон. Вале бифармо, истироҳат кун ва ба худат аз болои миз чой бирез.
Дуктур машғули нушидани чой буд ва пиразан ба ибодат сар кард, ки ногаҳон табиб дар ин хона боз тифлакеро дид, ки беҳаракат болои тахте дар наздикии пиразан мехобад. Пиразан муддате тӯлоние ба ибодату намозгузорӣ машғул буд, ки дуктур хитоб ба ӯ гуфт: “Ба Худо ман шармандаи ин лутфу карам ва ахлоқи ту шудам. Умедворам, ки дуъоҳоят мустаҷоб шавад”. Пиразан бо оромие рӯ ба дуктур карду ҷавоб дод, Шумо роҳгузаре ҳастед, ки Худованд ба мо суфориш дод, то лаҳзае қадри меҳмонии шуморо ба ҷо орем. Пиразан боз чанд лаҳза хомӯш монду боз ба гуфтан даромад. Бале писарам, дуъоҳоям шукри Худо ҳамааш мустаҷоб ва қабули даргоҳи Худованд шудаанд. То имрӯз ҳар чи аз Худованд хостаам ба ман дода ва бисёр чизҳоеро дар интизорашон набудам ҳам Худованд ба ман лутф карда ва сояи раҳматашро аз ман дур накардааст. Бисёр шукр мегӯям Худоро ва ҳамеша сар ба саҷда меорам. Аммо дар ин давом танҳо як дуъоям ҳеҷ не ки қабул шавад. Солҳост, аз таваллуд шудани ин тифл, ки падару модарашро аз даст дода ва бо ман аст, як маризие дорад, пеши ҳама табибон бурдаам, аммо касе дар дарди ӯ даво нашуд.
Ҳамеша ба ман мегӯянд, ки илоҷи ин тифлро танҳо табибе сарфаҳм меравад, ки дур аз мо қарор дорад ва мо ҳеҷ наметавонем, ки ба қабули ӯ бирасем. Ҳамеша аз Аллоҳ хостаам, ки ин мушкилотамро осон гардонад. Чун табиб нақли пиразан мешунид, ногаҳон ашк аз чашмон рехт ва бо овози гиряолуде ба пиразан гуфт: “Ба Аллоҳ қасам Худованд дуъои туро қабул карда ва ман ҳамон табибе ҳастам, ки дар ин вақт пеши туам. Дуъои ту на танҳо маро назди ту оварда, балки тамоми ҳавопаймоҳоро аз кор манъ кард, осмону заминро ба ларза даровард”. Пиразан аз хушҳолӣ дигар дасту по аз даст дод ва шукри Худо мегуфт. Табиб тифли дар тахт хобидаро ҷарроҳӣ кард. Табиб боз ба пиразан нигаристу гуфт: “Ба Худо ҳаргиз бовар надоштам, ки Аллоҳ бо як дуъои бандаи муъминаш инқадар сабабҳоро садди роҳ мекунад. Ин ҳама ноҷуриҳои ҳаво, раъду барқ, бо дасту пойи худ омадан ба назди шумо, ҳама аз ҷониби Худованд аст. Дар ҳақиқат вақте ки дастҳо аз ҳама асбоб кӯтоҳ мешавад, фақат паноҳ бурдан ба Офаридгори замину осмон ба ҷо мемонад”.