Categories Uncategorized

Вақф ва фарҳанги навини тоҷик

Дар бахши таҳқиқи таърих ва фарҳанги солҳои бистуми қарни ХХ саҳифаҳои торику норавшан ҳоло ҳам кам нестанд. Масалан, чунин як масъалаи муҳим, ба монанди истифодаи молиёти хазинаи вақф дар ташаккули фарҳанги навини тоҷик то ҳол дар таърихшиносии тоҷик мавриди баррасиву таҳқиқ қарор нагирифтааст. Мутаассифона, баъзе муҳаққиқон онро масъалаи дуюмдараҷа ҳисобида, бархе дигари пажӯҳишгарон онро умуман нодида мегиранд.

Акнун назари иҷмолӣ ба рӯйдодҳои солҳои аввали барқароршавии сохти давлатдории шӯравӣ меафканем. Мамлакати паҳновари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла қаламрави осиёимиёнагии он дар оғӯши ҷанги шадиди шаҳрвандӣ қарор дошт. Кори саноат, кишоварзӣ, тиҷорат ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт фалаҷ гашта, кишварро гуруснагӣ фаро гирифта буд. Оид ба фаъолияти муассисаҳои маориф, тандурустӣ, чойхонаву клуб, китобхонаҳои оммавиву қироатхонаҳо ҳоҷати ҳарф задан ҳам нест. Он солҳо давлати ҷавони Шӯравӣ қудрати бо маблағ таъмин ва ба роҳ андохтани фаъолияти мунтазами шабакаҳои маорифу тандурустиро надошт. Дар чунин як замони пуртаҳлукаву душвор ба муассисаҳои фарҳангӣ хазинаи вақф кӯмаки бебаҳо расонида, ба рушду фаъолияти онҳо мусоидат намуд. Вале  пас аз қабули Эъломияи ислоҳоти обу замин, ки тибқи он моликияти хусусӣ ба замину об барҳам дода шуда, кулли ин сарвату дороиҳо ба ихтиёри давлат гузаштанд, муассисаҳои вақф низ барҳам дода шуданд.

Дар замонҳои қадиму асрҳои миёна сохтори вақф  мояи  асосии зиндагӣ ва воситаи рӯзгузаронии олимон, омӯзгорон, толибилмон ва умуман зиёиён ба шумор мерафт. Фаъолияти мунтазами мактабҳо, мадрасаҳо, китобхонаҳои оммавӣ, табобатхонаҳо, расадхонаҳо ва дигар шабакаҳои таҳсилотӣ,  маърифатӣ ва тандурустӣ маҳз ба василаи молиёти муассисаҳои вақф робитаи ногусастанӣ дошт. Сохтори вақф асосан ба хайру эҳсони одамони ҷудогона ё шахсони ҷудогона ва сарватманд асос ёфта буд.

Дар қаламрави Аморати Бухоро ва дигар давлатҳои хонии Осиёи Миёна заминҳои вақф тахминан 20-25 дар сади тамоми заминҳои обиро ташкил дода, моликиёти вақф як шакли маъмули заминдорӣ шуморида мешуд. Қобили зикр ва таъкид аст, ки заминҳои вақф аз пардохти ҳама гуна андозу молиёт озод буданд. Сармоядорон, баъзан ҳатто соҳибкорону ҳунармандони ҷудогона аз ҳисоби дӯконҳои ҳунармандиву тиҷоратӣ, даромади солонаи гармобаҳо, корвонсаройҳо, бозорҳо, ҳиссаи хироҷи обу наҳри ҷӯйҳо ба хазинаи вақф маблағҳои зиёд мепардохтанд.

Ҳукумати Русияи подшоҳӣ пас аз истилои қаламрави Осиёи Миёна ҳайатҳои сершумори тафтишотӣ таъсис намуда, мекӯшид, ки сохтори вақфро ба як низом дарорад ё онро тамоман бекор намояд. Вале амалдорони подшоҳии рус аз тарси он, ки ин амали онҳо норозигии рӯҳониён,  толибилмон ва умуман зиёиёни сершумори мамлакатро, ки дар байни мардум эътибори зиёд доштанд, ба вуҷуд меорад, аз ин иқдомоти худ даст кашиданд. Дар натиҷа вақф дар генерал-губернатории Туркистон чун як ниҳоди ҷамъиятӣ боқӣ монд ва фаъолият пеш мебурд.

Пас аз Инқилоби Октябр ҳукуматдорони нави Ҷумҳурии Туркистони Шӯравӣ низ ба ин масъала мувоҷеҳ гардиданд.  Ҳанӯз соли 1918 ба мақсади ба маҷрои ҳуқуқӣ даровардани ҳалли масъалаҳои молиёти вақф ҳайати махсуси вақфро дар паҳлӯи Вазорати халқҳои хурд (Нацмен) таъсис доданд. Дар маҳалҳо низ шӯъбаҳои ин ҳайат фаъолият доштанд. доштанд. Дар охири солҳои 1920 Кумитаи Марказии Иҷроияи Ҷумҳурии Туркистон   ба ҳаллу фасли масоили вақф бевосита рӯ овард. Чунончи, дар Низомномаи Ҷумҳурии Туркистон аз таърихи 17 ноябри соли 1920, зери рақами 353, дар банди 14- уми он, ки ба истифодаи вақф дахл дорад, гуфта мешуд, ки минбаъд тамоми молиёти муассисаҳои вақф ба ихтиёри Комиссариати маориф интиқол дода мешавад ва аз ин ҳисоб фаъолияти боғчаҳои кӯдакон, интернатҳо, ятимхонаҳо ва муассисаҳои фарҳангиву маърифатӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба мақсади риояи адолати иҷтимоӣ соли 1920 дар асоси Низомномаи мазкур қарор қабул гардид, ки даҳяки даромади вақф ба муассисаҳои динӣ, аз қабили масҷидҳову мазорот баргардонида шавад. Аз ин сабаб сарвати вақф ба ду бахш: «динӣ» ва «маданӣ» тақсим гашт. Хазинаи вақфи бахши «маданӣ» асосан барои дастгирии кори маорифу муассисаҳои таҳсилотӣ, маърифативу фарҳангӣ масраф мегашт. Кумитаи Марказии Иҷроияи Ҷумҳурии Туркистон ҳаллу фасли масоили вақфро дар шароити касоди иқтисодии ҳамон замон хуб дарк намуда, бо декретҳои махсуси худ, аз соли 1922, таҳти рақами 175, соли 1923, таҳти рақамҳои 164, 167 ва ғайра, масъалаҳои вақфро баррасӣ намуда, дар охири соли 1923 зарурати таъсиси «Сарраёсати умумии вақф»-ро ба миён гузошт. Ин «Сарраёсат» дар муддати ду сол корҳои муфидеро ба сомон расонид. Аз ҷумла тамоми молиёти вақфи шаҳру навоҳии тамоми қаламрави Ҷумҳурии Туркистон ба қайд гирифта шуд. Масалан, аз рӯйи маълумоти ба ҳисобгирии соли 1923 дар се вилояти Ҷумҳурии Туркистон: Самарқанд, Сирдарё ва Фарғона дар якҷоягӣ 23542 сотих замини вақф ва 2259 ашёи дигари вақф ба қайд гирифта шуд. Дар Ҷумҳурии Мардумии Хоразм даромади умумии аз молиёти вақф ба дастомада, ба 450 ҳазор сӯм мерасид. Танҳо дар як худи шаҳри Бухоро 480 ҳазор таноб замин, 1300 дӯкон ва 50 корвонсарои вақфӣ ба қайд гирифта шуда буд. Маблағи умумии муассисаҳои вақфии Ҷумҳурии Туркистон тахминан ба 550 ҳазор сӯм мерасид. Ин нишондиҳандаҳо аз арқоми аслӣ хеле каманд, зеро мутаваллиёни вақфҳо даромади вақфро пинҳон менамуданд.

Аз 24-31 январи соли 1925 дар шаҳри Тошканд «Конфронси кишварии кормандони муассисаҳои вақф» доир гардид. Дар кори он мудирони шӯъбаҳои вақфи шаҳрҳои Хуҷанду Уротеппа М.Бойматов ва С.Абдуманонов ширкат намуда, аз фаъолияти кори шӯъбаҳои худ гузориш доданд. Дар пратаколи номри яки конфронс чунин сабт гардида буд: «Дар ҷомеаи комуннистӣ сохтори молиёти вақф, чун хоҷагии хусусӣ ҳарчанд, ки бояд ҷой надошта бошад, вале дар марҳилаи гузариш ва муҳити Шарқ,  ки ин ҷо ҳанӯз таассуб ва хурофоти динӣ дар байни мардуми авом устувор аст, молиёти вақф як муддат бояд, ки таҳти назорати давлат қарор  дошта бошад». Аз ин сатрҳо сиёсати давлати Шӯравӣ ва Ҳизби Коммунист нисбати сохтори вақф ба таври равшан намудор мегардад.

Қайд кардан месазад, ки 70-80 дар сади сарвати вақф дар шаҳру маҳалҳои тоҷикнишин қарор доштанд. Масалан, дар ихтиёри шӯъбаи вақфи шаҳри Хӯҷанд мувофиқи маълумоти солҳои 1924-1925 6о дӯкон, 4 корвонсарой, 1 гармоба (ҳаммом), 2 осиёби обӣ, 3 майдончаи бозорӣ, 82 таноб боғи меваҷот ва амволи дигар мавҷуд буд, ки ба ҳисоби миёна соле 1450 сӯм фоида меоварданд. Дар ихтиёри шӯъбаи вақфи уезди Самарқанд 537 дӯкон, 7 корвонсарой, 6 осиёб ва ғайра, ки соле 48272 сӯм даромад дошт. Дар шаҳри Бухоро дар ихтиёри шӯъбаи вақфи он 57 адад корвонсарой, 1414 дӯкон, 23 майдончаи савдо, 10 гармоба, 18 осиёб, 133 ҳавлӣ ва дигар молиёт вуҷуд дошт, ки онҳо соле 385900 сӯм даромади нақд доштанд. Чунончи дар боло ишора кардем, ин нишондиҳандаҳои расмӣ аз асли воқеӣ дур мебошад. Зеро дар асл даромади муассисаҳои вақф аз ин миқдор ҳам зиёд буд.

Мувофиқи маълумоти омории соли 1926 дар шӯъбаи вақфи Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон чунин амволи вақфӣ ба қайд гирифта шудааст: Дар ноҳияи Ҳисор – 3612 таноб замин, 50 таноб боғи мева, 28 адад дӯкони тиҷоратӣ, 5 корвонсарой, 8 ҳавлӣ, 22 осиёб, 27 обҷувоз; Дар минтақаи Кӯлоб – 4 ҳазор таноб замин, 600 таноб боғи мева, 100 дӯкон, 15 корвонсарой, 20 осиёб ва 10 обҷувоз. Доир ба амволи вақфи ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Ғарм, Бадахшон, Панҷакент маводи зарурӣ дар даст надорем. Маълумоти омории минтақаҳои Ҳисору Кӯлоб низ дақиқ нест. Тибқи маълумоти бойгонӣ, ки мо онро аз бойгонии шахсии таърихшиноси маъруф П.П. Иванов дар шӯъбаи ленинградии Институти ховаршиносии СССР соли 1984 ба даст овардаем, соли 1926 дар ноҳияи Ҳисор аз ҳисоби молиёти вақф 678 масҷид, 30 мадраса, 7 мазор ва 678 мактаби динӣ фаъолият доштанд. Дар минтақаи Кӯлоб бошад, 1048 масҷид, 114 мадраса, 1048 мактаби динӣ ва як корхона фаъолият мекарданд. Дар минтақаи Ғарм бошад, 37 мадраса мавҷуд буда, дар онҳо 375 мударрис дарс медоданд. Ин рақамҳо бори нахуст рӯйи чопро мебинанд. Дар даврони Шӯравӣ ин маълумот сарфи назар мешуд.

Дар солҳои хониши 1924-1925 дар ихтиёри «Сарраёсати вақф» 108 мактаби дараҷаи аввал буд, ки дар онҳо 9138 нафар толибилм таҳсил менамуд. Инчунин 10 мактаби дараҷаи дуюм бо 925 талаба, 2 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, 1 техникуми омӯзгорӣ дар шаҳри Тошканд, омӯзишгоҳи мусиқӣ дар Хива, курси кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ дар Самарқанд, 22 мактаби маҳви бесаводӣ, 11 китобхонаи оммавӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 8 мактаб – интернат мавҷуд буд. Сарраёсати вақф инчунин 18 муассисаи дигари маърифативу тарбиявиро парасторӣ мекард. Соли хониши номбурда бо стипендияи «Сарраёсати вақф» 59 нафар ҷавон дар мактабҳои олии шаҳрҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил мекарданд. Дар солҳои минбаъда ин шумора афзуда, ба 300 нафар расид. Сарраёсати вақф инчунин дахлу харҷи хонаи дар шаҳри Маскав будаи «Бухороиён» – (Бухарский дом)-ро ба зимма дошт. Хонаи мазкур дар ҳамон солҳо барои донишҷӯёну зиёиёни тоҷик як сарпаноҳи хубе ба шумор мерафт.

Аз миёни шаҳрҳои кунунии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд солҳои хониши 1926-1927 як мактаби дараҷаи аввали №14 амал менамуд, ки дар маъхазҳои он давра бо номи «Мактаби вақф» сабт гардидааст. Дар ин шаҳр  инчунин як китобхонаи оммавӣ бо номи «Тӯрон» фаъолият дошт, ки он низ моли «Сарраёсати вақф» буда, дар паҳлӯи масҷиди Шайх Муслиҳуддин қарор дошт.

Тибқи маълумоти омории соли 1917 дар ноҳияи Исфара 279 сотих замини вақфӣ вуҷуд дошт, ки он ба се муассиса тобеъ буданд. Дар Конибодом 214 замин ва 8 муассисаи вақфӣ мавҷуд буд. Дар маҳаллаи Маҳрами Хуҷанд 99 сотихи заминро 5 муассисаи вақфӣ соҳиб буданд. Мувофиқи ҳамон санади номбурда соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд 3278 сотихи замини вақфӣ вуҷуд дошта, онҳоро 345 мутаваллӣ идора мекарданд. Сарраёсати вақф дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 120 қитъаи боғи меваро дар ихтиёр дошт. Соли 1926 шӯъбаи вақфи шаҳри мазкур бонги изтироб зада буд, ки аз боғоти вақфӣ 90 адади он то ҳанӯз ба иҷора дода нашудааст.

Мутаассифона, мо дар бораи фаъолияти минбаъдаи «Сарраёсати вақф» ва шӯъбаҳои маҳаллии он ҳоло дар даст ягон маводи зарурӣ надорем. Танҳо ҳаминаш маълум аст, ки «Сарраёсат»-и мазкурро соли 1928 ба муносибати оғози ҳаракати колхозӣ барҳам доданд ва дар натиҷа тамоми молиёт ва амволи вақфӣ ба ихтиёри колхозҳо ва давлати Шӯравӣ интиқол дода шуд..

Дар хотима бояд зикр кард, ки дар солҳои аввали Шӯравӣ сохтори вақф мақому манзалати ҳуқуқӣ пайдо намуд ва дар симои «Сарраёсати вақф», чун дар замонҳои пеш аз Инқилоб барои пешрафти илму маърифат ва фарҳанг хидмати арзандаеро ифо намудааст. Бо туфайли ин муаассиса ва шӯъбаҳои маҳаллии он унсурҳои нави фарҳанги нав, аз ҷумла мактабҳо, интернатҳо, ятимхонаҳо, комуна, клубҳо, китобхонаҳои оммавӣ, табобатхонаҳо, кӯдакистонҳо ва дигар сохторҳои маърифативу тандурустӣ як ҷузъи муҳими ҳаёти маънавии сокинони шаҳру деҳот гардиданд. Аз ин рӯ, дар оянда омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи вақф дар солҳои аввали барқароршавии сохти давлатдории Шӯравӣ дар Осиёи Миёна, аз ҷумла дар Тоҷикистон хеле муҳим ва боарзиш хоҳад буд.

«рисолат»


More From Author

You May Also Like