Мақомоти Ожонси мубориза бо фасод Зайд Саидовро ба як мавриди дигари таҷовуз ба номуси духтари ноболиғ айбдор карда парвандаи нав боз кардаанд.
Шуҳрат Қудратов дар суҳбат бо хабарнигори «Озодӣ» гуфтааст, ки шоми 24 сентябр Зайд Саидовро бо “ҷабрдида”-и ҷадид, ки як духтари русзабони феълан 14-сола будааст, барои шиносоӣ рӯбарӯ кардаанд. Ин духтар иддао кардааст, ки вақте ҳамагӣ 12 сол дошт, аз сӯи Зайд Саидов таҷовуз шудааст.
Парвандаи нав алайҳи Зайд Саидов ҳанӯз дар таърихи 14 – сентябр тибқи моддаи 131 – Кодекси ҷиноӣ (ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва қисми сеи моддаи 138 – (таҷовуз ба номуси шахсе ки ба синни 14 нарасидааст) боз крда шудааст.
Ба гуфтаи Шӯҳрат Қудратов, Зайд Саидов дар ҷараёни ин амали тафтишотӣ гуфтааст, ки ин духтарро дар умраш бори аввал мебинад ва ин парвандаи алайҳи ӯ низ тӯҳмате беш нест.
Зайд Саидов, ташббускори ҳизби Тоҷикитони нав ва соҳибкори шинохта рӯзи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе, ба муҷарради бозгашташ аз сафари Фаронса дастгир шуд.
Алайҳи ӯ то кунун чандин парванда боз шудааст аммо Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.