nahzat.tj
Видеои рӯзноманигори қурбоншуда
Дар шаҳри Қоҳира Аҳмад Самир Ассом Алсанусӣ, рӯзноманигори шуҷоъи 26-сола, ки дар нашрияи ҳизби “Озодӣ ва адолат”, ки шохаи ҷамоати “Ихвонулмуслимин” аст, ҳангоме ки мили снайпери низомӣ ба сӯи ӯ рост шуда буд, ин лаҳзаро ба навор бардошт. Маълум гардид, ки шодравон Аҳмад марги худро ба навор бардошта будааст.
Чи тавре “The Telegraph” видеои сабтшудаи ӯро нашр кард ва хабар дод, ки журналист Аҳмад Самир Алсанусӣ субҳи рӯзи душанбе 8-уми июли соли равон, тахмин соати шаш дар байни тазоҳургарони тарафдори Мурсӣ, ки дар назди горди раисҷумҳурӣ дар Қоҳира ҷамъ омада буданд ва талаби баргашти Мурсӣ ба мансабашро мекарданд, акс мебардошт.
Ин тазоҳурот дар назди горди раисҷумҳурӣ дар Қоҳира серқурбонтарин тазоҳурот дар Миср баъди барканории Ҳуснӣ Муборак мебошад, ки ҳадди ақал 50 нафар кушта ва беш аз 500 нафар аз тири артиш захмӣ шуданд.
Ӯ аз тазоҳуроти ихвониҳо, ки дар маркази шаҳри Қоҳира ба муқобили табаддулоти низомии аз ҷониби артиш суратгирифта мегузашт, гузориш таҳия мекард ва барои нашрияаш ҳам акс мебардошт ва ҳам ба навор мегирифт.
Нохост эътирозгарон дар боми яке аз биноҳо низомии снайперро диданд ва Аҳмад ҳам ӯро дид ва камераро сӯяш гардонид.
Замоне, ки сарбозони Горди миллӣ ба ҷониби муътаризон, ки дар ракаъати дуюми намози бомдод буданд, оташ кушоданд, Аҳмад ин лазаҳоро ба навор бардошт.
Дар навори забтшуда ду снайпер дар боми бино, ки ситоди Горди миллӣ наздики он бино буд, бармало дида мешаванд.
Замони наворбардории рӯзноманигор нохост яке аз он снайперҳо камераи Аҳмадро дид ва ба тарафи он мили автоматро гардонид. Чун Аҳмад ба наворбардории он снайпер сар кардааст, нохост навор канда мешавад.
Соати шаши саҳар ба идораи газета, ки дар он Аҳмад Самир Ассом чун аккос фаъолият дошт, камера ва наворбардори хунолуди Аҳмадро оварданд ва пас аз он маълум гардид, ки аккосро паррондаанд.
Муҳаррири бахши фарҳангии нашрияи ин журналист, ҷаноби Абӯ Зайд таъкид кардааст, ки кадрҳои охирини бардоштаи Аҳмад далели раднопазири ҷинояти низомиён ба ҳисоб мераванд, ки аз ҳамлаи артиши Миср бар зидди ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ гувоҳӣ медиҳад.
Кумита аз дифои журналистон, яке аз созмонҳои байнмилалӣ, баста ба қазияи марги рӯзноманигор изҳороте пахш ва кирдори низомиёнро маҳкум намуд.
Абир Алсаъдӣ, муовини раиси Иттиҳоди журналистони мисрӣ гуфт, ки иттиҳоди онҳо ба шаҳид Алсаннусӣ узвияти ифтихорӣ дода, хонаводаашро кумакҳои молӣ хоҳад кард.
Шодравон Аҳмад ҷавонмарди ҳаётдӯст буда, 23 июни соли ҷорӣ дар Фейсбук аз ҳамкасбонаш хоҳиш карда, ки худро эҳтиёт кунанд, зеро беҳтарин акс ҳаргиз ҷойи як лаҳзаи ҳаётро намегирад.
Аммо ӯ намедонист, ки худ қурбони ҳамон як акс ва як пораи навор гардид.