Тағйироти навбатии кадрӣ дар ҷаласаи Ҳукумат, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, баргузор гардид. Тавре дар ин бора хадамоти матбуотии Президент иттилоъ медиҳад, Суюнхон Рустамов, муовини якуми вазири кишоварзӣ ва Ҳайдар Холов муовини вазири энергетика ва саноат таъин гардиданд. Ҳамчунин аъзои нави ҳайати мушовараи чанде аз идораҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 20 – солагии иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид. Ба ҳайати он, ки таҳти роҳбарии Сарвазири кишвар, Оқил Оқилов фаъолият хоҳад кард, масъулини ҳукумату парлумон, дастгоҳи иҷроияи Сарвари давлат ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо шомил гардиданд.
Дар фароварди маҷлис, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба “Рӯзи модар”, “Наврӯзи байналмилалӣ”, кӯмак ба ниёзмандон дар арафаи идҳои пуршукӯҳ, ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти думоҳа дар соли равон, вусъат додани киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонӣ, дастгирии кишоварзон ва омодагии ҷиддӣ ба пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, хусусан обхезиҳои баъди обшавии барфи бешумори зимистони имсола дастур дод.