Бино ба хабаргузории «Алҷазира», дар номаҳои электроние, ки «Викиликс» кашф кардааст, омадааст, ки ширкати иттилоотӣ ва таҳлилии стратегии амрикоӣ ба ин назаранд, ки ҷасади Усома бин Лодан дар баҳр андохта нашудааст, балки хотири озмоиши тиббӣ ба ИМА интиқол дода шудааст.
Мувофиқи рӯзномаи «Дейли Телеграф»- и Биритониёӣ, ҷонишини раиси корҳои иттилоотӣ фирмаи «Стротфур» Фред Бертон, дар як номаи електронӣ ба як дусташ дар рӯзи 2-уми май (ҳамон рӯзе, ки дар он Бин Лодан дар Эбитободи Покистон кушта шуда буд» навишта аст, ки ҷасади ӯ бо ҳавопаймои хадамоти махсуси марказӣ ба шаҳри Дуфер вилояти Деловер фиристода шуд.
Ва дар дигар нома Ф. Бертон ба дустони худ навишта аст: «Ҷасадро бо худ овардем, шукри Худо.»
Абдулатифи Ҳаммод