Categories ДИДГОҲ

Виҷдон садои Худованд аст

(Номаи саркушод ба Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Он чӣ моро ба нобудӣ ҳоҳад кашонд сиёсати бидуни усул, лаззати бидуни виҷдон, илми бидуни шахсият ва тиҷорати бидуни ахлоқ аст!
(Маҳатма Гандӣ)
Раисонро Худованд муваззаф гардонида, то ҳангоми адои вазифаи хеш манзалати адолатро хору залил накунанд, чун замоне меояд, ки пеши виҷдони хеш аз кардаашон пушаймон хоҳанд шуд! Касе, ки назди виҷдонаш пок аст, ҷои ғусса дар қалбаш нахоҳад монд.
Ҳамаи инсонҳо дар қалби худ додгоҳеро доранд, ки ҳакимон онро маҳкамаи виҷдон номидаанд ва ҳамин маҳкамаи кӯчак метавонад азимтарин таҳаввулоти фикрии дунёро эҷод намояд.
Раиси муҳтарами АИ ҶТ!
Раҳбарӣ кори хуб аст, аммо агар роҳи интихобшуда хуб бошад ва роҳ ҳангоме хуб аст, ки шуури ҳушёр ҳоким ва тавони судури ҳукми неку бадро ба хубӣ дошта бошад. Аммо интихоби ҳукми баду нек вобаста ба истиқрори виҷдони пок аст. Фақат виҷдони пок метавонад одамро ба ростӣ роҳнамун созад. Сарвар қабл аз ин ки сарвар бошад, бандаи виҷдонаш бошад, на асири нафсаш!
Бо ҷуръат метавон гуфт, аксуламалҳоеро, ки чанд соли ахир Раёсати Академия дар баробари талошҳо ва дархостҳои як муҳаққиқи боргоҳи илм нишон доданд, ба ҷуз тахриби виҷдон чизи дигаре наметавон ном ниҳод. Аҳли илму адаб медонанд, ки хоҳиши ин ҷониб аз масъулини Академия на касби ҷову мақом, балки дарёфти ҳаққи қалам барои мақолотам (аз ду ҷилди “Донишномаи Рӯдакӣ”) буду бас!Раис! Худ хуб медонед, ки пас аз беътиноии масъулин, мақолаи интиқодии хешро (“Ҳаққи мардумхӯрӣ ё илми беахлоқ мурданист”, Тоҷикистон, 2012, №20, 17 май) барои “мудири адабпарвари Академия” профессор Мирзо Муллоаҳмад ва Раёсати муҳтарами Академия ба чоп расонидам. Аммо масъулин ба ҷои ин ки посухи мантиқӣ бидиҳанд, бо “насиҳатҳои навбатӣ” манофеъи молии хешро бартар аз арзиши виҷдонашон донистанд. Бо умеде, ки шояд амали “академикони номвар” оқилонатар гардад, боз ҳам ба муддати беш аз ҳашт моҳ сабр кардам, вале кор ба ҷое нарасид. Саранҷом пас аз таҳвили арзи ниҳоии ин ҷониб ба Раёсати Академия (аз таър. 25. 12. с. 2012) номаи расмии эшонро (бо № 30001/23-043, аз таър 14. 01. 13), ки бидуни лифофа (!) ба Институти иқтисодиёт ва демографии АУ Тоҷикистон ирсол шуда буд ва чанде пеш номаи дигаре (аз таър. 14. 01. 2012, № 30001/23-043), дарёфт кардам.
Раиси муҳтарам, дар ду номаашон бо истимдод ба фармони Ҳукумати ҶТ (бо № 40-ф, аз таърихи 02. О5.08) овардаанд, ки посухгӯи ин ҳама фасоди марбут ба “Донишномаи Рӯдакӣ” директори собиқ Институти забон ва адабиёт доктор С. Назарзода аст. Зимнан, Раёсат дар номаашон навиштаанд: “Шумо бояд аз аввал ба Раёсати институт муроҷиат карда, бо он қарордод мебастед ва ҳаққи қалами худро мисли дигар муаллифон мегирифтед. Вале аз чӣ сабаб бошад, ки ба ҷои ин Шумо вақту қувваи худро ба навиштани номаҳои беасос бо унвонҳои туҳматомез сарф намудед”.
Раиси АУ ҶТ, агар назми матлуб ва қонун дар Академия барқарор мебуд, донишмандон тамомии “қувваи худро” фақат ва фақат барои илм равона мекарданд, на барои “илтимосномаҳо”! Раёсат, ки дар номаашон бар нақши қарордоди тарафайн таъкид мефармоянд, воқеъан, бовар доранд, ки ин ҷониб, бо ин ҳама собиқаи фаъолиятҳои илмӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба оддитарин усули корӣ сарфаҳм намеравам?! Профессор Мирзо Муллоаҳмадов, агар хотирашонро дар оби талхи меъдаашон ҳазм накарда бошанд, пас ба ёд биёваранд! Қабл аз ин ки шурӯъ ба таҳияи мақолот бикунам, аз эшон дархости қарордод кардам. Посух чӣ буд? Магар худ нагуфта буданд, ки: “Шумо ки аз хориҷа (Ирон) баргаштед, Тоҷикистонро мисли Ирон напиндоред!”
Дар зимн, он ҳангом, ҳеҷ намунае аз қарордод дар ин институт набуд. Агар буд, пас чаро масъулини донишнома ба ин ҷониб нишон надоданд? Ғараз доштанд? Гузашта, Раёсати Академия ва масъулини дигари донишнома мутмаъинанд, ки ҳамаи муаллифони саҳими “Донишномаи Рӯдакӣ” қарордод кардаанд?
Набояд аз посух додан дар назди виҷдон фирор кард! Хиҷолат ҳам маърифат аст! Ҳамакнун, даҳҳо нафар аз муаллифонро медонем, ки ҳеч қарордоде бо Институти забон ва адабиёти Академия дар нигошти мақолот барои “Донишномаи Рӯдакӣ” ба имзо нарасонидаанд!
Агар масъулини қонундони “Донишномаи Рӯдакӣ”, қабл аз ҳама раиси ҳайъати таҳририя хоҳони ҳалли масъалаи пардохти ҳаққи муаллифанд, пас чаро ин ҳама муддат (аз с. 2008 (?) ҷиҳати пардохти ҳаққи муаллиф дастури лозимро содир намекунанд? Дар зимн, охирин посухи Раёсати Академия (аз таър. 14. 01. 2012, № 30001/23-043) низ ҳеч асаре дар ҳалли масъала надошт! Бо камоли таассуф, пайгирии қазияи дарёфти ҳаққи ин ҷониб то имрӯз ба ҷое нарасидааст!
Манофеъҷӯии масъулин дар таҳияи “Донишномаи Рӯдакӣ” аз оғоз ошкор буд! Вагарна, ба чӣ иллат исми ин ҷониб (бо ироаи ҳудуди 100 мақола) дар радифи муаллифони аслии “Донишномаи Рӯдакӣ зикр нашуд? Ин беадолатӣ нисбат ба ҳаққи мо дар ҳоле сурат гирифт, ки иддае аз муаллифони аслӣ дар ду ҷилди донишномаи мазбур матолиби кофӣ аз худ ироа надодаанд! Пурвозеҳ аст, тарҳрезиҳо ва иқдомоти масъулин аз роҳи робитаву зобита ва маҳалгароӣ сурат гирифтааст!
Раёсати Академия ва раиси ҳайати таҳририяи “Донишномаи Рӯдакӣ” академик Маҳмадшо Илолов дар номаи хеш таъкид варзида, ки “минбаъд на аз рӯи эҳсос, балки дар асоси мантиқу хирад амал намуда, ба ҷои номаҳои иғвоомез ба корҳои ҷиддии илмӣ машғул” бошам.
Кадомин амали мо аз роҳи бехирадӣ буд? Агар таълифу тадвини мақолот барои донишномаҳои илмӣ аз диди раёсати Академияи илмҳо ва раиси ҳайати таҳририяи “Донишномаи Рӯдакӣ” кори ҷиддӣ маҳсуб набошад, пас аз баҳри чӣ эшон аз зикри номи худ дар ҳайати таҳририяи ин донишнома муфтахаранд? Фидоиёни хурди илм ҳеч кореро, ки дар сари роҳи фазилат қарор дорад, кӯчак намепиндоранд! Мо заррагони роҳи фазлем ва аз бузургони илм, ки бидуни заҳмат, ба осонӣ соҳибэътибор мехоҳанд бишаванд, ор дорем!
Дар зимн, манзури раис аз “номаҳои иғвоангез ва беасос бо унвонҳои туҳматангез”, ки дар номаи ирсолии хеш овардааст, чист? Аз чӣ замоне дар кишвари ҳуқуқбунёду демокросӣ дифоъ аз ҳаққу адолат “иғво” ва “туҳмат” ном гирифтааст? Инро чи касе мегӯяд? Кадом кори мо туҳмат аст?
Хато нахоҳам кард, агар гӯям, ки Раиси ҳайати таҳририяи донишномаи мазбур (М. Илолов) ва сардабири он (М. Муллоаҳмад) бо касби силсилаи ановину мӯҳраҳои “хирадмандӣ” нархи виҷдонашонро пойинтар аз арзиши ахлоқашон донистаанд! Шумо руасои доно ва муаллимони олимон, ки мардумро аз адабу илм таълим медиҳед, магар фаромӯш кардаед, ки покии виҷдон дуруст анҷом додани коре ва вафодор будан бар масъулияти хеш аст?
Он кас, ки мехоҳад илм бидиҳад, аввал таълим биёмӯзад. Ошкор аст, раёсати боргоҳи дониш эҳтироме бар қавонини кишвару ҷомеъа надоранд. Суннати неки миллат ҳам барояшон беарзиш аст. Аъмоли раисон дар доираи ҳеч эътиқоде ё мазҳабе ҳам намегунҷад. Шояд, ки руасо “Қуръон” нахонанд, вале он касе, ки ин китоби муқаддасро ба хатти имрӯзи тоҷикон, ҳамроҳ бо “Наҳҷ ул-балоға”-и ҳазрати Алӣ(р) баргардон кардааст ва хешро мӯъмину мусалмон медонад, тарсе аз ҳукми Худованду шариъат дошта бошад! Агар руасо маънии оёти китоби муқаддасу ҳукми аҳдос мефаҳмиданд, ҳаргиз ба ҷои посухи бодалелу мантиқӣ, бо камоли пургӯӣ ва бо “насиҳаномаҳо”-и хеш шахсияти тарафро ин қадар залил намекарданд! Вале огоҳона бар маркаби ҷаҳолат нишастани сарварону уламо камоли ҳамоқат аст! Кош, ин ҳама руасои мусалмонсифати ҳамадони мо медонистанд, ки арзиши виҷдонашон болотар аз ҳамаи қиматҳои ахлоқӣ аст!
Сабр агар аз ҳад гузарад, зулм ба хеш аст. Аз ин хотир аст, Раиси муҳтарам, ин номаро тунд мегӯям, шояд, ки ин дафъа тезии ҳақиқат асаре бар сустии виҷдонҳои руасо дошта бошад!
Хоҳиши дувуме, ки ба унвони корманди илмии Академия доштам, иҷозаи дифоъ аз рисолаи докторӣ дар Шӯрои илмии Институти таърихи Академияи улум буд ва қазияи он дар мақолаи ин ҷониб “Фасоди олим дар сарои илм” (09. 10. 2012) батафсил омада ва намехоҳам такрори он матолиб намоям.
Ба ҳар коре бояд бияндешид. Вақте масъули илм омода нест, наметавонад ва ё намехоҳад аз ҳақиқат дифоъ кунад, пас чӣ гуна ӯро сарвари мардони андеша номид? Марди беандеша фоқиди виҷдон аст! Сарварон вақте, ки дурӯғ мегӯянду дар сар ҳавои худхоҳӣ мепарваранд, боре ҳам фикр мекунанд, ки замоне меояду худ бо виҷдонашон бар сари ситез нахоҳанд шуд?
Иллати сабукдӯш шуданам аз корам “номувофиқ будани мавзӯъи таҳқиқам берун аз ҳавзаи барномаҳои нави Институт” эълом гардид! Дар зимн, барои Раёсати Академия ва масъулини дигар суол ин аст, ки оё таҳқиқ ва баррасии равобити ҶТ бо Созмони ҳамкориҳои исломӣ (СҲИ) ва пажӯҳишҳои масоили таърихи иқтисоди миллӣ дар тӯли таърихи беш аз 2 500 соли таърихи миллӣ арзиши илмӣ надоранд? Бар аҳли илм ва мутахассисин пӯшида нест, ин ҷониб дар робита бо мавзӯъоти мазкур теъдоди зиёди мақолоти илмӣ дар дохил ва хориҷ аз кишвар ироа кардаам. Чӣ тавр метавон тасаввур кард, мутахассисини навпо, фориғуттаҳсилони дирӯз, кормандони хурди илмӣ ва ҳатто иддае аз мутахассисини соҳаҳои ғайри иқтисодӣ (!) ба ин роҳатӣ метавонанд риштаашонро ба масоили иқтисодӣ ва барномаи ҷадиди институт бадал кунанд, вале дар ин миён фақат ин ҷониб бо ин ҳама таҷрубот ва савобиқи илмӣ тавони табдилро бар масоили таърих ва равобити иқтисодӣ надошта бошам?! Ба ин хотир аст, ки дар аризаам (аз таър. 31. 12. с. 2012) бо таъкид бар адами адл бар ҳукми масъулин намуда, аз ҷумла овардам: «Аз тасмими Раёсати Институт дар бораи ин ки аз кор биравам, огоҳам. Гумон намекардам, ки бо ин ҳама хидмат ва фаъолиятҳои илмиам дар ин даргоҳи илм бо ин навъ мушкилоте рӯ ба рӯ хоҳам шуд. Мехостам, дар оянда роҷеъ ба таърихи иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз даврони куҳан то ибтидои қарни ХХ таҳқиқи доманадореро анҷом бидиҳам. Зоҳиран, дониши андӯхтаам имрӯз на барои Институти таърих лозим будааст ва на барои Институти иқтисодиёт! Агарчи, тарҳи ин мавзӯъ ҳанӯз тавассути шодравон профессор И. Асроров таъйид шуда ва хеле касон ҳам аз таҳияи чунин нақша ба умед буданд. Ошкор аст, ҳамчунин таҳқиқ дар тамомии системи Академия ва донишгоҳҳо ба ин зудӣ сурат нахоҳад гирифт, чаро ки мутахассис ба маънии аслӣ дар ҷумҳурӣ надорем.
Ин ҷониб ҳеч вокунише бар тасмими Раёсат дар қазияи фавқ надорад, чаро ки дар ҳама ҷо тасмими раис қонун аст ва бояд ба иҷро бирасад! Аммо худи Раёсат хуб медонанд, ки ҳеч фармоне бартар аз ҳукми Худованд нест! Мегӯянд, ки дар ҳар тағйире ҳикмате ҳаст ва бовар дорам, агар даричае ба рӯи кас баста шавад, Худованд ҳазор дарвозаи дигарро барояш боз мекунад ва имон дорам Ӯ бузург аст ва дарвозаҳои ҷадиде ба сӯям гушуда хоҳанд шуд…»!
Ошкор аст, таклифи мо аз рӯи виҷдон ба ҷо наёмад. Бардоштам чунин аст, ки руасои Академия бидуни ин ки боре ҳам бо ин тараф мулоқот дошта бошанд, аз шахсияти мо душмани илм сохтанд. Бо истифода аз мақом ва аз роҳи робитаву зобита шикаст ва хурд кардани дигарон амали мардони донишпарвар нест! Шунидани ҳарфи ҳақиқат чӣ захме бар ниҳоди Академия ворид намуд, ки раис зӯриро аз хирадгароӣ афзалтар донистаанд?
Тарроҳ ва ҳомии ин ҳама “назми навин” ва “бозиҳои паси парда” дар Институти нави куҳнабунёди Академия худи Шумо будед! Хуб медонед, ки дар тасмиматон усули адл ба кулл риоят нашуда, бо камоли худхоҳӣ вуҷуди покиро ба нестӣ дода ва хуни беадолатиро рехтаед! Пас аз 25 соли хидматам дар боргоҳи илм, раиси имрӯз бо пеш кардани мо чи суде барои хеш касб хоҳанд кард?
Шояд руасои имрӯз бо истифода аз мақомашон дар хурд кардани «хурдон» ва шикаст додани «заъифон» муваффақ шаванд, вале огоҳ бояд буд, ки эътибори бо зӯру зар сохта ҳаргиз пойдор нахоҳад буд! Обрӯе, ки бар пояи дурӯғу хиёнат эҷод мешавад, умраш кӯтоҳ бувад!
Ҷои пинҳон нест, аз қазияи фасоду беадолатиҳои раёсати Академия сарварони дигари ин сарои илм, мисли: профессорон Кароматулло Олимов, М. Муҳаммадхоҷаев, О. Бобоев ва …мутталеъ намудаам. Далоили сукут ва аксуламалҳои ҳар як аз сарварон бароям ошкор аст. Таърих қаҳрамонҳоеро дар хотирааш нигаҳ дорад, ки як рӯяшон сафед асту рӯи дигарашон сиёҳ! Академик Р. Масов бо ин ҳама эътибор ва собиқаи илмӣ ба ҷои ин ки дунболи “ифшои чирки таги нохуни бегонагон” бошад, беҳтар буд пеши мавҷи фасоди «худӣ»-ро дар Институташ мегирифт! Оё шармандагӣ нест, ки муҳимтарин бахшҳои китоби ҷомеъи таърихи миллӣ, ки бояд муфтахар бошем, бар пояи сирқати илмӣ тадвин гардад?! Дар назди хирад ҷои таассуфу тафаккур ҳанӯз боқист!
Соҳибони саройи илм ва зимомдорони муассисаи илмӣ чунин рафтор карданд, гӯӣ ки руасо аз ҳукми виҷдону ҳисоби Худованд озоданд? Оё худхоҳон аз инкори ҳарфи ҳақиқат ҳамеша табъи хушу рӯшан хоҳанд дошт? Афроде, ки наметавонанд кори нек анҷом бидиҳанд, рӯҳашон ҳаргиз шодиву нишотро нахоҳанд дид. Руасо ғайр аз ин ки дар сар ҳавои эътибори раёсаташонро дошта бошанд, лаҳзае ҳам дар фикри обрӯи бозмондагонашон ҳам бошанд! Магар пӯшида аст, бар кардаҳои падарон фарзандон посух хоҳанд дод?
Ҳамагон медонанд, ки мадҳи кишвари «ҳуқуқбунёд»-и мо ҳамеша гирди забони Раиси ҷумҳур аст! Чӣ гуна метавон бовар кард, дар созмони илмии «кишвари ҳуқуқбунёд», ки руасояш хешро аз ҳомиёни адабу фазилатҳои инсонӣ медонанд, огоҳона ҳуқуқи як корманди илмиро зери по мекунанд ва ҳамвора эълом медоранд, ки фазои Академия озоду обод аст! (?)
Возеҳтар мегӯям, агар мо ҳаммаҳалли Раёсати Академия ва ё ҳамдеҳаи Раёсати Институти таърих мебудем, ҳаргиз ҳамчунин тасмими беинсофонаро нисбати мо раво намедоштанд! Эҳсос мекунам, ки ҷурми аслии ман дар Академия хуҷандӣ буданам аст! Фақат, нагӯед, ки дар Академияи миллӣ суннати маҳалгароиву бумгароиро шикастаед! Бидуни шакк, ин суннати шум дар ҳоли рушд аст! Нақши зиллатбори маҳаллагароӣ ҳеч камӣ аз қавмгароиву миллатгароӣ надошта ва надорад! Агар бихоҳед дарки ҳақиқати ҳол кунед, аз мардум мапурсед, ки дар ҷомеъа падидаи маҳалгароӣ ҳаст ё нест, балки иллати сукути одамонро дар баробари зуҳураш бипурсед!
Риёкориву дурӯғ аз нишонаҳои нобудии виҷдон аст. Беэҳтиромӣ ба ниёзҳои тобеъон, аз даст додани фурсатҳо натиҷае ҷуз пушаймонӣ ва азоби виҷдон надорад!
Агар кас дар сояи ҳақ аст, ҳаргиз ба рӯи хуршеди адолат доман намепӯшад! Тааҷҷубовар аст, файласуфе мисли шумо, ки хешро аз илмшиносони беназир мешиносед ва зоҳиран, бо камоли ифтихор бар китобҳои донишмандони фарҳехтаи хориҷӣ (дар мисоли донишманди эронӣ) пешгуфтор менависед, вале дар амали хеш оддитарин эҳтироми ҳамватани хешро нигаҳ намедоред, чӣ амалест? Бигӯед, ки агар марди илмед, пас фикратон дуруст аст ё амалатон ё ки ҳар ду хатост? Мутмаинам, мазлумону залилшудагоне мисли ман дар Академия зиёданд, вале бо далоиле наметавонанд сухан боз бигӯянд! Сарваре, ки ба доди зердастонаш намерасад, ҳаққи сарвариро надорад!
Бар Худованд дуои инсоф мегӯям, ки аз неъмати илоҳӣ, заррае ҳам бошад, ба қалби шумо – руасо, ки хешро аз “салотини хирад” ва “муаллимони адаб” медонед, арзонӣ фармояд! Дуо мегӯям, то Худованд ҳамон роҳеро, ки виҷдонатон нишон медиҳад, дар пеши пойи ақлатон вогузорад!
Бидуни роҳнамоии виҷдон, наметавон ба ҳақиқат расид, зеро виҷдон офаридгори ҳақиқат аст! Меҳане, ки дар бистараш бо ҳар далеле ҳаққу адолат салб шудааст, дидагони шаҳрвандонаш чеҳраи саодатро нахоҳанд дид! Дар сарои илм, ки раисонаш нархи инсофро бар арзишҳои ахлоқиашон арҷгузорӣ намекунанд, мутмаинан, решаҳои маърифатро дар оташи хиёнат хоҳанд сӯхт!
Гуфтаанд, ки ҷаҳаннами ҳақиқӣ виҷдони мухарриб аст. Акнун коре бар он надорам, ки виҷдони сарварону масъулин аз кадом навъи виҷдонҳост! Аммо медонам, ки тааммул намудан бар натоиҷи афкору аъмоли хеш кори виҷдони ободу озод аст!
Раиси Боргоҳи илм! Қазияе, ки ахиран дар доираи Академия иттифоқ афтод, бароям фавқулодда омӯзанда буд. Аз аъмоли донишварони устодсифат фаҳмидам, ки ахлоқи ҳар фард, новобаста бар унвону мадорики илмиаш, дақиқан нишонаи зуҳури ҳукми виҷдонаш будааст! Огоҳ бояд бошем, ки касби унвонҳои ифтихоромези имрӯз, мӯҳри шармандагии фардо метавонад шавад! Дар ин сарои фазл нохоста шоҳид шудам, ки афкору аъмоли шахси бевиҷдон ҳаргиз дорои рӯҳи пок нахоҳад шуд.
Дар ҳар ҷое, ки ҳастем ва ё соҳибмансабе бошем, набояд фаромӯш кунем, ки виҷдону ақл аст, ки ҳамроҳ бунёди зиндагӣ ва роҳи ҳақиқии инсонҳоро ниҳода! Ҳамон виҷдоне, ки бо воситаи ақли солим аз роҳи фарозу нишеб вуҷуди инсонро батадриҷ ахлоқитар намуда ва манзалати ӯро аз дуроҳаи ҳалолу ҳаром ва неку бад дар дунёи ҳастӣ бартар аз олами ҳайвонот қарор додааст.
Пас аз таҳаммули ин ҳама ситам ва беадолатӣ бар руасову масъулин мегӯям: нафаси виҷдонро дар даруни худ хафа накунед, ки дер ё зуд худ дар маҳкамааш асир хоҳед шуд! Ба нидои виҷдон бояд гӯш бидиҳед, ки он инъикоси ҳарфи Худованд аст!

Луқмон Бойматов

More From Author

You May Also Like