Categories Uncategorized

ВКД : Вазъ дар шаҳри Хоруғ ором аст

Орзуи Мирзо

nahzat.tj

Ба иттилоъи хадамоти матбуоти ВКД, имрӯз вазъ дар шаҳри Хоруғи ВМКБ комилан орому осуда буда, мардум ба ҳаёти осоишта ва кору зиндагии доимии хеш машғул мебошанд. Бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда ҳамарӯза аз аҳолӣ шумораи зиёди навъҳои гуногуни яроқ ва лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида мешавад.

Манбаъ гуфтааст, ки рӯзи гузашта миқдори зиёди яроқҳои гуногунтамға мусодира карда шуданд. Инҳо автомати Калашников, норинҷакҳои гуногунтамға, яроқҳои суфтамил,  таппончаҳои тамғаи Макаров, снарядҳо ва миқдори зиёди тирҳои тамғаҳои гуногун дарёфт ва мусодира карда шуданд.

«Лозим ба ёдоварист, ки саҳм гузоштан дар амнияту оромӣ ва пешгирии содиршавии ҳама гуна амалҳои ғайриқонунӣ ва ҷинояткорӣ, таъмини суботу зиндагии осоиштаи мардум қарзи фарзандӣ ва муқаддаси ҳар фарди солимақли ҷомеаи мо маҳсуб меёбад ва ҳар нафаре, ки яроқу лавозимоти ҷангиро ихтиёран месупорад аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.» омодааст дар торнамои ВКД.

More From Author

You May Also Like