Categories Ахбори рӯз

ВКХ Русия: сафари Сергей Лавров ба Душанбе

ВКХ Русия: сафари Сергей Лавров ба ДушанбеВазири хориҷаи
Русия Сергей Лавров 2- апрел бо даъвати
ҳамтои худ Сироҷиддин аслов дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард- хабар
медиҳад: “Риа новостӣ”.

Чунончӣ ВКХ-Русия хабар медиҳад: Дар ин музокирот, вазирони корҳои
хориҷии ду кишвар, дар масоили марбут ба ҳамкориҳои стратегии амиқтари дуҷониба
дар заминаҳои сиёсат, иқтисодиёт, низомӣ, илмӣ фарҳангӣ ва ёрии башардӯстона
тамаркуз хоҳанд кард.

Интизор меравад вузарои
умури хориҷии ду кишвар, дар масоили муҳимми байналмилалӣ аз қабили терорризм,
дар Шарқи миёна ва Афғонистон, амнияти кишварҳои Осиёи марказӣ, инчунин дифоъ
аз ҳарими Тоҷикистон табодули назар хоҳанд кард.

Гузашта аз ин
тавре манбаъ хабар медиҳад, худи ҳамин рӯз дар шаҳри Душанбе нишасти навбатии
Шурои вазирони корҳои хориҷаи аъзои Созмони Аҳдномаи дастаҷамъӣ (СААД) сурат
хоҳад гирфт.

More From Author

You May Also Like