Муҳиддин Асозода
nahzat.tj
Дар ҳадисе шариф аз Расули акрам (с) ривоят шудааст, ки он Ҳазрат (с) мефармоянд: «Ҳар касе субҳ аз хоб бархезаду дар фикри умури муслимин набошад, он кас мусулмони комил нест». Покаст Худое, ки Паёмбареро бо чунин камоли меҳрубонӣ ва раҳмат барои олами башарият фиристод.
Таври маълум, кишвари азизи мо дорои муқаддасоти миллист, ки яке аз ин муқаддасот сарқонуни ҶТ ба шумор рафта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Пас, дар асоси моддаи 30-и сарқонун мо, шаҳрвандон, аз озодии сухан бархурдор буда, барои камбудиҳои ҷойдошта бидуни кадом сензура ва таъқиб бар худ ҳаққи танқидро раво медонем.
Манзури банда рӯи яке аз масъалаи умдатарин ва рӯзмарраи мардум ба шумор меравад, ки ногузир ҳар фард хоҳ нохоҳ бо он мувоҷеҳ мегардад, ки гирифтори анвоъи беморӣ ва муроҷиат ба табибони хеле «ҳозиқ ва мушфиқи» имрӯзаи мост.
Субҳи барвақт 17.06.2013 яке аз дӯстон, ки сокини яке аз навоҳии дурдасти кишварамон мебошад, бо муаллифи ин сатрҳо тамоси телефонӣ барқарор намуду аз банда хоҳиш намуд то ки модареро, ки бо тифли яксолааш дар беморхонаи ба қавли яке аз дӯсти зарифам, «Қаряи-бало» бистарист, то истгоҳи токсиҳои самти зарурӣ роҳнамоияш намоям.
Банда бедиранг ба беморхонаи мазкур расида он модарро пайдо намудам. Эшон аз банда хоҳиш намуд, то лаҳзае чанд мунтазир бошам то ки аз табиби мавриди назараш рухсат бигирад.
Пас аз чанд дақиқае, ӯ асабиву ҳайратзада тифлакаш дар бағал берун шуду танҳо як чиз бар забон меронд: “Дигар бимирам инҷо намеоям, то қарз накардаму «ҳаққаш» надодам рухсатам накард.” Ба ҷуз тасаллои дилаш дигар чизе наметавонистам бигуям, зеро пеш аз ман амсоли ман бисёр гуфтанду гуфтанд….
Дарун ба дарун месухтаму ба худ меандешидам: Худоё, беҳтарин муолиҷаи бемор аз ҷониби табиб сухани нек, муомила ва муоширати инсонӣ ва меҳрубонист, на ин ки гуфтани «ман гадо нестам, ки ин ҷо нишинам.»
Бо боварӣ метавон гуфт, аз модаре, ки гирифтори чунин вазъи ғайри оддӣ аст ва қудрат ва тавони муолиҷаи ҷигарбандашро надораду ранҷ аз ин мекашад, ҳеч гоҳ фарзанди солим тақдими ҷомеъа нахоҳад шуд. Аз чунин модар умеди кадри солим барои ин ҷомеъа нақше рӯи об асту бас?!
Агар ба қонунҳои мавҷуда назар кунем, қонунҳое арзи вуҷуд доранд, ки воқеъан метавон гуфт умеде ба зиндагӣ ва ҳаёти осоишта баст. Ба унвони мисол дар моддаи 38-сарқонуни ҶТ омадааст: «Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломати дорад. Шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд…»
Вале ҳайҳот, ки иҷрои ин гуна қавонини бар манфиати ҷомеъа рӯи коғаз боқӣ монда, гарду чанг онҳоро ба гӯшаи фаромушӣ мебарад.
Ба қавли мардуми деҳот, ки мардуме шарифанд: «Ҳамаро бо як шохин намерубем». Шукр аз он мекунем, ки ҳанӯз ба таври ангуштшумор табибоне ёфт мешванд, ки аз беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ бархурдоранд. Вале аз он дар ҳайратам, ки зумрае дигар гӯйё пусти инсонӣ дар зоҳир кашидаву ботинан ин ҳама сифоти гургонро кай, аз кӣ ва аз куҷо омӯхта бемористонро мубаддал ба «Водии гургон» кардаанд.
Ин миллатро мебояд шабу рӯз оҷизона дуо намоянд, то ки Русия дарвозаҳои хешро бар рӯяш набандад. Дар акси ҳол хонаводаҳое ёфт мешаванд, ки бемор ҷон ба Ҳақ таслим мекунаду қудрати муроҷиат назди табибро нахоҳад дошт.
Худоё бо лутфу карамат душманонро ба он рӯз мубтало магардон, чӣ расад бар дустон.