Мувофиқи ақидаи Шӯрои муфтиҳои Русия, манъи ҳиҷоби шогирдони мактаби миёнаи № 12, деҳаи Кара – Тюбеи шаҳри Ставропол ба ҷуз таҳқир дигар чиз наметавон ном бурд. Бинобар ин, ШМР ин амали директори мактабро маҳкум мекунад, гуфта мешавад дар изҳороти Шӯро.
Ҳамчунин дар Изҳорот омадааст, ки дар Русия дар тӯли садсолаҳо мусалмонон ва намояндагони динҳои дигар осоишта дар ҳамсоягии якдигар зистаанд. Онҳо ёдовар шуданд, ки имрӯзҳо дар мактабҳои муқаррарӣ духтарони масеҳӣ бо рӯймол ва куртаҳои дароз ба мактаб мераванд. Бинобар ин, муносибати хайрхоҳона бояд ба шогирдон, намояндаҳои дигар адён низ риоя гардад.
Ҳамчунин, ин амали директори мактаб бар хилофи Конститутсияи Русия мебошад.
Афсӯс, сад афсӯс, дар Тоҷикистон вазъ тамоман дигар аст.
Кош, Шӯрои уламо ва ё Маркази исломии Тоҷикистон ақаллан як бор ба номаш бар зидди чунин амалҳои ғайришаръӣ ва ғайриқонунии мансабдорони мо дар қазияи манъи ҳиҷоби донишҷӯён эътироз баён мекард…