Categories Uncategorized

Имомназар Имомназаров кушта шуд

nahzat.tj

Ба иттилоъи як манбаъ, Имомназар Имомназаров, фармондеҳи собиқи мухолифин дар минтақаи Бадахшон бар асари як террор дар манзилаш ба ҳалокат расидааст. 

Ин ҳодиса тахминан соати 4-и субҳи 22-юми август аз тариқи партоби як норинҷак ва тирпарронӣ тавассути автомате сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки куштори Имомназаров ба чанд омил рабт дорад. Як идда мардум мегуянд, ки сабаби қатли марҳум дунболи суханони ҳаққи номбурда гардидааст. Номбурда ба расонаҳо, аз ҷумла, ба ҳафтаномаи «Азия – Plus» баъзе мушкилоти қазияи Хоруғро шарҳ додааст.

Мақомот то ҳол аз ин хабари куштори Имомназар Имомназаровро тасдиқ ва ё инкор накардаанд.

More From Author

You May Also Like