nahzat.tj
Дирӯз тими «Рубин» аз шаҳри Қазон, пойтахти Тотористон командаи «Динамо»-и шаҳри Маскавро мағлуб намуда, соҳиби ҷоми Русия оид ба футбол гардид
Дар ин комёбии таърихии «Рубин» саҳми мураббӣ ва бозигарони мусалмон низ бузург аст. Масалан, Натхо соли гузашта беҳтарин футболбози «Рубин» интихоб шуда буд.
Дар ин команда се нафар: сармураббии туркманасл, Қурбон Бердиев, нимҳимоятгар Бибарс Натхо ва бозингари туркӣ, Гекдениз Карадениз рӯза мегиранд ва намоз ҳам мехонанд.
Акоша Кабирӣ, раиси шӯъбаи омор ва назорати ҲНИТ дар бораи бозингарони мусалмон мегуяд: «Дар ҳайати тимҳои бисёр кишварҳои аврупоӣ бозӣ кардани мусалмонон шоистаи таҳсин аст, зеро аз назари ихтисосӣ боке нест ва ин ҳам як намуди тарғиби Ислом аст.»
Ӯ меафзояд: «Бубинед, ин бозигарон бо вуҷуди гармову ташнагӣ боз рӯзаи фарзӣ мегиранду ибодат мекунанд ва аз назари аввал ин хеле мушкил менамояд, вале чун имондорӣ мададашон мерасонад, на танҳо бозӣ доранд, балки чун Натхо дар сафи беҳтаринҳо ҷой мегиранд.»
Дар гузаштани Натхо ба тими «Рубин» диндорӣ нақши калидӣ бозидааст. Чун ӯ донистааст, ки дар «Рубин» худи сармураббӣ диндор аст, беягон дудилагӣ ба ин тим гузаштааст. Бибарс мегӯяд, ки барояш дар моҳи Рамазон бозӣ кардан мушкилӣ дорад.
Амаки Бибарс – Адам Натхо мегӯяд: “Бибарс аз чанд даста даъватнома гирифта буд ва пеш аз он ки Бибарс ба «Рубин» гузарад, дар бораи сармураббии он, Қурбон Бердиев бисёр пурсид ва чун огаҳӣ ёфт, ки сармураббӣ марди мусалмони худотарс будааст, розӣ шуд то дар ин даста бозӣ кунад.“
Бибарс Натхо аслан аз авлоди черкесҳо мебошад, ки аз Қавқоз ба ҳудуди ҳозираи Исроил муҳоҷират карда буданд. Бибарс дар деҳаи Кфар – Камаи Исроил таваллуд шудааст.
Натхо аллакай номаш дар таърихи Исроил ворид шудааст, зеро ӯ аввалин бозигари ғайрияҳудӣ буд, ки капитани дастаи яккачини ҷавонони Исроил интихоб гардида.