Номаи Мулло пеш аз эъдом

Номаи Мулло пеш аз эъдом

Бароям либоси тоза оварданд.

Оби ғусл дар сател омодааст.

Сарбозон мегӯянд: ҳарчӣ зудтар ғусл кун. Рафтуомад зиёд шудааст. Сарбозон шитобзадаанд.

Баъзеҳо афсурда ба назар мерасанд ва дар чеҳраи баъзеҳо хушӣ дида мешавад. Рафтуомади онҳо борбор дар тиловати ман халал ворид мекунад.

Наздам тафсири Тафҳимул-­­­Қуръони Мавлоно Мавдудӣ (р) қарор дорад.

Дар ин тарҷума таъаммул дорам: “Суст машавед ва ғамгин мабошед, ҳатман пирӯз хоҳед шуд, агар мӯмин бошед”.

Ҳосили тамоми зиндагиям дар ин оёт бароям расидааст.

Ин, ки миёни зиндагию марг чанд нафасе боқист, онро ҷуз Аллоҳ касе намедонад.

Агар дилам барои чизе месӯзад, он Ҳаракати ман ва раҳравони он аст.

Дуо мекунам Худованд фазлу карами худро барои онҳо доим гардонад.

Бояд барои намози Ишо (хуфтан) омода шавам, шояд дигар вақт дошта бошам, ё на.

Аз шумо хоҳиш дорам, роҳеро, ки баргузидаем, бар он пойдор бошед.

Ман мебинам, ки ин роҳ мустақим ба биҳишт меравад…

Бародари исломии Шумо: Абдулқодир Муло

Зиндонии шумораи 379,

Зиндони марказии Дакка, Бангладеш

Манбаъ: Суннӣ-Нюз

More From Author

You May Also Like