«Бародарони азиз ва дӯстони гиромӣ! Худоро шукр мегӯем, ки боз ба дидори якдигар расидем ва як фосилае дар байни вохуриҳои мо буд, он ҷанбаи табии дошту толор хело сард буд. Мо нахостем дар зимистон ин вохӯриҳо баргузор шавад, агарчи бархе аз бародарону хоҳарон омода буданд ва дар сардӣ ҳам ин вохуриҳо идома пайдо кунад. Дар назар аст, ки аз ин ба баъд ин вохӯриҳо идома меёбанд», гуфт Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ зимни нишаст бо ҷавонон, ки имрӯз соати 14:00 дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин нишаст беш аз сад нафар ҷавонони фаъоли ҳизб ва ҳаводорону меҳмонону рӯзноманигорон ширкат доранд.
Ҷаноби Кабирӣ дар қисмати аввал дар бораи мушкилоти ҷавонон суханронӣ карда, аз ҷумла қайд кард, ки дар бораи ҷавонон зиёд ҳарф мезананд, гузориш медиҳанд, вале натиҷаи чашмрасе дар ҳалли мушкилоти онҳо ба назар намерасад.
Ҷаноби Кабирӣ дар идомаи суханронияш чунин гуфт: «Мо нигарон ҳастем ва мақомот низ нигаронаст, ки ҷавонони мо дар хориҷи кишвар таҳти таъсир қарор мегиранд. Аммо он чизе ки моро хушҳол ва умедвор кард ин аст, ки ҳанӯз фурсат аз даст нарафтааст. Агар мо ҳама аҳзоби сиёсӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва Шурои уламо дар якҷоягӣ бо ҷавонон кор кунем метавонем ҷавонони худро аз ҳар гуна таъсирҳои беруна ҳифз кунем.
«Ман дар аксари ҷавонони тоҷик эътидолро ҳис кардам. Ба таври мисол ҳангоме, ки як донишҷӯйи саудӣ дар бораи хатарҳои шиъагароӣ ҳарф мезанад бо эътидол ва инсоф ҳарф мегӯяд. Ҳамзамон зикр кард, ки ҷавононе, ки дар Эрон таҳсил мекунанд аз хатарҳои салафияту ваҳоббият ӯ ҳам ба ифрот дода намешавад. Эътидоле, ки аз онҳо эҳсос кардем моро водоро мекунад, ки бо онҳо бештар кор кунем.»- афзуд ӯ.
Дар идомаи суханронии хеш, ӯ қайд кард, ки дар байни ҷомеъа ва сиёсати имрӯзаи олам таассуб реша давондааст ва бояд аз ин паёмади нохуш бештар огаҳӣ пайдо кард, то ҷавонони мо дар он наафтанд. Ӯ баён дошт: «Маро ҷавоне суол кард, ки имрӯз ҷаҳони Ислом ду тақсим аст, яке пуштибонони мухолифини Сурия ва дигаре аз ҳукумати он. Пас ҲНИТ дар кадом гурӯҳ аст. Агар интиқод мекунед суннӣ ҳастед ва агар пуштибонӣ мекунад, пас он шиъа ҳаст. Масъаларо тарзе мемонанд, ки инсон намоданад чӣ ҷавоб гӯяд!».
Ба гуфтаи ӯ, даъвати ҳар ду тараф ба сулҳро ин ҷавонон намехоҳанд, яъне ё сафед бош ё сиёҳ, аммо Худованд дар байни ин ду ранг рангҳои дигареро низ офаридааст. «Вале мазҳаб ва таассуби мазҳабӣ боиси он гаштааст, ки ҷаҳонро танҳо бо ду ранг мебинанд. Шиъаву суннӣ, сиёҳу сафед ва дусту душман», давом дод ӯ.
«Аз ҳукуматҳои ОМ ва дар Тоҷикистон ҳам дигар муносибатро интизор будан имкон надорад. Аввалаш ин ки Худоро шукр, ки ҲНИТ рӯз то рӯз қавитар шуда истодааст. Ин боиси нигаронии баъзеҳо шудааст. Табиист, ки чи қадаре фишор бештар шавад, ҳамон қадар он қавитар, мустаҳкам ва мунсаҷим мешавад. Ҳама ҳизбҳои ҷаҳонӣ ва хусусан Наҳзат ҳам ниёз ба чунин фишорҳо доранд, вагарна ҳама арзишеро ки осон ба даст биёяд он қадар азиз нест, барои ҳамин озодӣ барои мову шумо азиз аст.»- гуфт Муҳиддин Кабирӣ дар посух ба пурсиши ҷавонон зимни нишасте, ки феълан дар маркази ҲНИТ идома дорад.
Раҳбари ҲНИТ тазаккур дод, ки Наҳзат тайи ин фишорҳо боз ҳам қавитар гаштаву ба як нирӯи қавӣ табдил шудааст, ки наметавон онро ба осонӣ аз байн бурд. «Танҳо аз як чиз бояд эҳтиёт шуд, ки барои тамоми аҳзоб баробари марг аст, ки ин ихтилофи дохилист. Аммо хушбахтона то ба ҳол дар дохили ҳизб онро эҳсос накардаам. Дуввум чизе ки метавонад маҳбубияти ҳизбро дар ҷомеа камтар кунад, хуб мешавад, ки ин тавр шавад, ин хидматҳои хуби ҳукумат ба мардуми Тоҷикистон аст. Агар ҳукумат ба миллат хуб хидмат кунад ва мушкилоти онҳоро бароварда кунад, мо дар чашми мардуми кишвар заъиф хоҳем шуд. Ман ҷонибдори қисмати дуввуми он ҳастам», гуфт ӯ.
Пурсишҳои ҷавонон аз масоили мухталифи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ иборат буданд, ки аз дохили толор ва инчунин тавассути интернет аз дигар манотиқи кишвар ва хориҷ аз он дода шуд. Нишаст бо тақсими мукофотҳо, ки ба дастаҳои «Лучоб», «Дудпаттӣ» ва «Сомон», ки мутаносибан ҷойҳои аввалу дуввум ва саввумро дар мусобиқаи волейбол бахшида ба ёдбуди устод С. А. Нурӣ ва устод М. Ҳимматзода ишғол карда буданд анҷом ёфт.