Имрӯз дар сафорати Олмон вохурии раиси ҲНИТ М. Кабирӣ бо намояндагони парлумони ин кишвар баргузор шуд. Дар вохурӣ пеш аз ҳама сафири Олмон ва раҳбари ҳайати парлумонии ин кишвар раиси ҲНИТ-ро барои интихоби дуборааш ба раҳбарии ҲНИТ табрик намуданд.
Дар суҳбат мавзӯъҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Намояндагони парлумони Олмон дар бораи ояндаи муносибатҳои дину давлат аз нигоҳи ҲНИТ савол карданд. Раиси ҲНИТ таъкид кард, ки аз назари ҲНИТ дину давлат бояд дар канори ҳам қарор дошта бошанд ва барои пешрафти ҷомеа талош намоянд. Аслан рисолати дин саодати инсон аст, пас дин ҳаргиз мухолифи манофеъи инсонӣ нахоҳад буд. Аммо давлат ҳам набояд динро дар канор бигзорад ва ба он ҳамчун омили ақибмондагӣ ё рақобату душманӣ нигоҳ кунад. Дар сурати ҳамкорӣ ҳам дин ва ҳам давлат метавонанд ба ҳадафи худ бирасанд.
Намояндаи парлумони Олмон аз ҳизби «Сабз» бошад таълимоти динӣ дар муассисаҳои омӯзиширо ба миён кашид. Дар ин замина М. Кабирӣ изҳор намуд, ки таълимоти динӣ дар муассисаҳои омӯзишӣ ба андозае бояд ба роҳ монда шаванд, ки инсон аз арзишҳои динии худ ба андозаи кофӣ огоҳӣ пайдо кунад , то дигар арзишҳои динӣ ва таълимоти динии худро дар таҳхонаҳо ё аз таълимоти гурӯҳҳои ифротӣ ҷустуҷӯ накунад. Агар як ҷавон аз арзишҳои динии худ огоҳии дуруст дошта бошад, дигар ниёзе надорад, ки ба гурӯҳҳои пинҳонӣ ва ғайри қонунӣ муроҷиат намояд то дини худро биомӯзад.
Тарафҳо изҳори умедворӣ карданд, ки ҳамкориҳои ҳизбҳои сиёсии ду кишвар дар оянда густариш пайдо кунанд. Ҳамчунин онҳо умедворӣ намуданд, ки равобити хуби ду кишвар низ дар оянда идома пайдо кунад.