Раиси ҲНИТ 30 -юми октябр бо даъвати Алиакбар Вилоятӣ, Дабири кулли Созмони байналмиллалии «Бедории исломӣ» ба Техрон сафар намуд ва худи хамон рӯз вохурии эшон бо Алиакбар Вилоятӣ анҷом гирифт.
Қобили зикр аст, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон конфронси аввали бедории исломӣ бо ширкати бештар аз 800 андешаманд ва сиёсатмадори ҷаҳони ислом баргузор гашта буд, ки Теҳрон мақарри ин созмон ва Вилоятӣ Дабири кулли он интихоб шуданд. Раҳбари ҲНИТ ҳам дар шӯрои марказии ин созмон узвият дорад.
Дар вохурӣ масоили гуногуни марбут ба фаъолияти минбаъдаи созмон ва истифодаи имконоту потенсиали ин созмони байналмиллалии ғайриҳукуматӣ ба нафъи миллатҳо ва кишварҳо баррасӣ гашт. Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки намояндагони ҲНИТ ва дигар созмонҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар фаъолияти сохторҳои гуногуни Созмони «Бедории исломӣ» ширкати фаъол дошта бошанд.