Categories Ахбори рӯз

Вохурии раҳбари ҲНИТ бо сафири Ҷопон

Субҳи имрӯз, 3-юми октябри соли 2014 Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили МН ҷаноби Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистонро дар дафтари марказии ҳизб ба ҳузур пазируфт.
Муҳиддин Кабирӣ ҷаноби сафирро барои ташрифовариашон ба дафтари ҳизб хайрамақдам гуфт ва ӯ ҳам дар навбати худ барои пазироӣ изҳори миннатдорӣ намуд.
Зимни суҳбат тарафҳо вазъи минтақа ва кишвар,  хамкорихои Точикистону Чопон, интихоботи парлумонии 2015 ва накши занону чавонон дар он,  афзоиш гуруххои ифротӣ ва амалҳои ифротгароёна дар минтақа ва таъсири он ба дигар кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷаноби Камада нақши ҲНИТ ро ҳамчун як неруи муътадили сиёсӣ дар ҳифзи субот ва рушди чомеъа муҳим донист ва пойбандии кишварашро ба идомаи тахкими робитахои ду кишвари дуст бо шумули хамаи кишрхои чомеъа изҳор намуд.
Раиси ҲНИТ низ нақши Ҷопонро дар марҳалаи пас аз мусолиҳаи миллӣ муҳим дониста, сиёсатҳои ин кишварро дар масъалаи тамаркуз болои тарҳҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ҷонибдорӣ намуд.

More From Author

You May Also Like