Имрӯз, 18-уми октябри соли 2013 Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, Параскива Бадеску –сардори Миссияи нозирони интихоботи президентии ҶТ, ниҳоди вобаста ба САҲА ва Дафтари иниститути демократӣ ва ҳуқуқи башар (ДИДҲБ)-ро дар дафтари марказии ҲНИТ ба ҳузур пазируфт.
Дар ин вохурӣ, Павел Гантар, увзи Миссияи нозирони интихоботи президентии ҶТ, ки марбути САҲА ва ДИДҲБ аст, хонум Бадескуро ҳамроҳӣ мекард.
Дар аввал, Муҳиддин Кабирӣ меҳмонони аврупоиро ба маркази ҳизб хайрамақдам гуфта, нақши САҲА дар рушди демократия ва истеҳкоми сулҳу субот дар кишварро муҳим арзиёбӣ намуд.
Дар ин нишаст масоили марбут ба раванди ҷамъоварии имзо, маҳрумияти муҳоҷирони корӣ аз ҳаққи ҷамъоварии имзо, навҳаи ширкати ИНИТ дар интихоботи президентии кишвар ва вазъи кишвар дар пешорӯи интихоботи президентӣ баҳсу баррасӣ шуд.
Хонум Бадеску Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ- ро оид ба масъулияти ҳайати нозирони байналмиллалӣ ва равиши корашон дар ҷараён гузошт ва ишора намуд, ки ҳадафи онҳо равандро дақиқ назорат намудан ва гузориши бетарафона омода кардан мебошад.
Сардори нозирони САҲА афзуд, ки онҳо ҳаққи дахолат ба сиёсатҳои дохилӣ надошта, танҳо тавсияҳои худро ироа мекунанд.
Раиси ҲНИТ нақши нозирони байналмиллалиро дар назорати раванди интихобот муҳим дониста, ҳамзамон қайд кард, ки агар қонунгузории кишвар ва иродаи сиёсатмадорон барои гузаронидани интихоботи шаффоф ва демократӣ мусоид набошад, аз дасти нозирони байналмиллалӣ кори зиёде намеояд.
Манбаъ: Сомонаи Наҳзат