Categories Ахбори рӯз

Таҷҳизоти нави тиббӣ ба Хуҷанд

Ба шаҳри Хуҷанд таҷҳизоти тиббӣ бо арзиши умумии 8 миллион доллари амрикоӣ ворид гардид, ки дар шӯъбаи таваллудхонаи вилоят насб хоҳад шуд .

Тавре дар ин бора сармутахассиси Раёсати тандурустии вилояти мазкур, Ҷаъфар Маҳмадов гуфтааст, таҷҳизоти мазкур аз 70 комплекси техникии муосир иборат аст. Ин таҷҳизот бо қарзи Бонки рушди Саудӣ дастрас гардидааст. Гуфта мешавад, дар бораи мӯҳлат ва бо чанд фоиз дастарс шудани қарз маълумоти мавҷуда вуҷуд надорад. Ин таҷҳизот ба шӯъбаи вилоятӣ, ки айни ҳол он ҷо корҳои азнавсозӣ ва таъмири асосӣ ҷараён дорад, насб карда хоҳад шуд.

More From Author

You May Also Like