Categories Ахбори рӯз

Вохурии ТайибаТейлор бо намояндагони ҲНИТ

Субҳи имрӯз сардабири маҷаллаи исломӣ ва занонаи «Азиза» аз аз кишвари Амрико ба маркази ҲНИТ ташриф оварда бо намояндагони ҳизб вохурӣ намуд. Дар ибтидо хонуми Тейлор аз фаъолияти ҳизб суол намуд ва аз нақши занону ҷавонон дар ҳизб ҷуё шуд. Раиси шӯъбаи ҷавонони ҲНИТ Қиёмиддини Аваз дар суҳбат бо хонуми Тайиба таъкид кард, ки шӯъбаи ҷавонони ҳизб ба фаъолиятҳои илмӣ тафреҳӣ барои ҷавонон мепардозад. Аз ҷумла шӯъба барномаҳои омӯзиши забон, омӯзиши компютер ва мусобиқоти варзишӣ- тафреҳиро низ ба роҳ мемонад. Аммо дар ин росто камбуди устодони ботаҷриба ва варзида яке аз мушкилоти аслии шӯъба ба ҳисоб меравад.
Бибисоро Кабирӣ дар идомаи суҳбати худ бар он таъкид кард, ки ҷавонони мо майл ва ангезаи хидмат кардан ба ҷомеа ва мардуми кишварро доранд, танҳо бояд фазо ва шароит барояшон фароҳам карда шавад. Гурӯҳи зиёди ҷавонон дар давраи интихобот бар асоси ҳамин ангеза ба майдон омаданд ва дар канори аъзоёни ҳизби мо ба фаъолият ва таблиғот пардохтанд. Насли ҷавони мо бояд ба самти дуруст ҳидоят шавад то неруи бузурги худро дар роҳи хидмат ба миллат ва созандагии кишвари худ сарф намояд. Ин неруи қудратманд метавонад хеле корҳои бузурге анҷом диҳад, ба шарти оне, ки дар масири дуруст қарор гирад. Мо талош мекунем, ки шароит барои фаъолиятҳои солим ва созандаи ҷавонон бештар муҳаё шавад.
Дар бораи озодиҳои динӣ ва фаъолияти занон бошад хонум Зарафо Раҳмонӣ таъкид намуд, ки баъзан поймолшавии ҳуқӯқи динии занон дар кишвар мушоҳида мешавад, ки боиси нигаронии ҳизби мо аст. Аз ҷумла қабули қонуни масъулияти падару модарон дар моҳҳои ахир низ як навъи маҳдуд кардани ҳуқӯқи диндорон мебошад, ки ҲНИТ дар ин замина мавқеи худро дар ҷомеа ва дар парлумон ошкор баён кардааст.
Хонуми Тейлор бошад дар бораи маҷаллаи «Азиза» изҳор намуд, ки ин маҷалла махсуси занони мусалмон аст. Дар он бештар мақолот ва назароти занони мусалмони Амрико нашр мешаванд. Маҷалла талош мекунад, ки ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти занони мусалмонро ба дигарон муаррифӣ намояд. Аз ҷумла пешрафтҳо ва фаъолиятҳои илмии занонро бештар пушиш медиҳад.
Аз тарафи дигар ғайри мусалмонҳо метавонанд аз тариқи ин маҷалла бо ислом ва шахсияти зани мусалмон ошно шаванд ва он зеҳниятҳои нодурусте, ки нисбат ба ислом ва зани мусалмон доранд онро ислоҳ намоянд.

More From Author

You May Also Like