Categories ҶОМЕА

Агар Зайд сазовори 26 соли зиндон бошад, пас ҳама зиндонии якумраем

Тавре хонандаи огоҳ аз раванди қазияи Зайдуллоҳ бо ҳар василае огоҳӣ дорад, ӯро Додгоҳи олӣ ба 26 соли маҳбас ҳукм кард, агарчи ин ҳукм қалб-қалби инсонҳои озодфикр ва озодандешро реш-реш карда бошад ҳам, вале ҳиҷ касе дар маҳбас мондани ӯро бовар карда наметавонад. Аслан ба содир шудани кадом гуноҳе, ки сазовори ба додгоҳ кашидани ӯ бошад, бовараш намеояд, чунки Зайдуллоҳро аз ҷумлаи шахсиятҳои озодаи кишвар медонанд ва эътироф мекунанд. Ҳамин буд, ки чанде аз хонандагони «Наҷот» ҳам дар тамос бо мо хоҳиш карданд, ки диду назари раҳбари ҲНИТ, Муҳиддин Кабириро дар мавриди баъзе аз ҷанбаҳои ин қазия ба таври мушаххас манзури онҳо бигардонем.

-Бародар Муҳиддин Кабирӣ, мехостем, новобаста аз пахши баёнияи Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар мавриди ҳукми дур аз адолати судӣ, ки нисбат ба Зайдуллоҳ Саидов содир гардид, назари хешро оид ба омили аслии ба маҳкама кашидани ишон мушаххас намоед, ки онро дар чӣ мебинед?

– Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон.

Омили аслиро дар даст задани Зайд Саидов ба сиёсат мебинам. Ба хусус, пеш аз интихоботи президентӣ аз таъсиси ҳизби сиёсӣ эълон доштани ӯ ва бо вуҷуди насиҳату пофишориҳои мақомот аз роҳаш нагаштан, боиси хашми он ҷониб гардид. Агарчи Зайд кори ғайриқонуние накардааст ва таъсиси ҳизби сиёсӣ ҳаққи конститутсионии ҳар шаҳрванди кишвар, аз ҷумла Зайд мебошад. Мутаассифона, масъалаи таъсиси ҳизб ва ширкат дар саҳнаи сиёсӣ аз тарафи шаҳрвандон кайҳо аз доираи танзими қонун берун рафтааст. Вале рафтори мақомот нишон дод, ки ин масъаларо на қонун, балки хоставу иродаи афроди алоҳида ва гурӯҳҳои муайян мекунанд. Зайд ин қолаби ғайриқонуниро шикастан хост ва дар ин азми хеш танҳо қонуну ҳуқуқҳои конститутеиониро меъёр қарор дод.

– Бисёриҳо мегуфтанд, ки Э. Раҳмон аз ин шакли парвандасозӣ огоҳ нест ва баъди интихобот мавқеъашро рӯшан мекунад. Оё баъди эълони ҳукм ҳанӯз хам ба чунин интизориҳо метавон бовар кард?

– Тоҷикистон кишвари бузург нест ва роҳбари давлат ҳам кори зиёде надорад, ки аз чунин масоил бехабар бимонад. Ба назари ман, ба ин қазия аз аввалаш огоҳ буд ва ҳоло ҳам таҳти назорат дорад. Вазирҳо ва дигар мақомоти кишвари мо ба он ҳадду сатҳе нестанд, ки дар чунин масоил тибқи қонун ва мустақилона тасмим бигиранд.

Албатта, хеле муҳим аст, ки мақомот масъаларо чӣ тавр ва бо кадом ҳадаф ба роҳбарияти давлат расонидаанд ва ӯ дар асоси кадом маълумотҳо тасмим гирифтааст. Аз рафтори мақомот дар ин чанд соли охир метавон натиҷагирӣ кард, ки онҳо бештар ба афзоиш бахшидани фосила байни президент ва ҷомеъа талош меварзанд ва фазоеро сохтаанд, ки хукумат аз ҳар иқдом ва ташаббуси сиёсии шаҳрвандон дар ҳарос монда, ҳарчи бештар заъфи худро ба намоиш мегузорад. Бо чунин сиёсати душмантарошӣ ва тарсафканӣ дар зеҳни роҳбарияти кишвар, ин гурӯҳҳо худро ягона пуштибон нишон медиҳанд. Чуноне мебинем, то хадде муваффақ ҳам шудаанд, ба ҳар ҳол муваффақанд дар ин сиёсаташон. Вале таҷриба нишон додааст, ки рӯзи тақдирсоз аввалин зарбаро ҳамин гурӯҳҳо хоҳанд зад.

Бале, бисёриҳо ба ин умед буданд, ки Президент назари ҷомеъаро дар ин мавзӯъ ба инобат хоҳад гирифт ва ҳоло ҳам, ки чанд марҳалаи дигар то нуқтаи ниҳоии ин парванда боқист, ин умед мемонад. Вале, рӯз то рӯз ин умед камтар мешавад ва пешбинии касоне рост мебарояд, ки аз аввал умед бастан ба президентро кори беҳуда медонистанд. Аммо боз ҳам тавре мегӯянд, умед аз ҳама охир мемурад.

– Агар умед ба Президентро кори беҳуда бидонанд, чаро ҷомеъаи шаҳрвандӣ кадом вокуниши ҷиддие аз худ нишон намедиҳад?

– Аввалан, дар мо ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст, ки аз он чизеро интизор буд. Ҳастанд ҳизбҳои сиёсӣ ва матбуоти мустақил, ки гоҳо пароканда, гоҳо дастаҷамъона назареро изҳор медоранд, Вале, инсофан бояд гуфт, ҳеҷ масъалаи дигаре, мисли масъалаи Зайд ҷомеъаро ин тавр бедор накарда буд. Ҳар касе ба шакле мавқеъашро гуфт. На интихоботхои пуртақаллуб, на мушкилии барқ, на бекориву муҳоҷират, ҳатто пулакӣ шудани роҳ ҳам диққати ҷомеъаро то ин ҳад ва сатҳ ба худ накашида буд. Ин дигар масъалаи ҷудокунанда байни виҷдон доштан ё надоштан аст, байни зулму адолат ва дурӯғу ҳақиқат аст. Ин қазия нишон дод, ки тоҷик ба камбудиҳои иқтисодиву сиёсӣ, муш­килиҳои бебарқиву роҳҳои пулакӣ ҳам тоқат мекунад, вале таҳаммули чунин дастдарозӣ ба ҳайсияти инсонро надорад.

Коре, ки матбуоти мустақил, рӯшанфикрон ва ҷомеъа то имрӯз карданд, кофӣ ва муносиб буд. Зероо ҳама мехостанд ба Зайд кӯмак кунанд ва ҳамзамон ба ҳукумат бифаҳмонанд, ки зиндонӣ кардани ӯ ба нафъаш нест.

Ҳоло суол ин аст, ки дар оянда чӣ коре бояд кард, то адолат нисбати ин шахсият барқарор шавад ва минбаъд дар қиболи дигаре такрор нашавад? Ин ҷо бояд ҷомеъа хеле ором, бо пархез аз фитна, вале ҷиддӣ рафтор намояд ва ҳадаф ҳам танҳо кумак ба Зайд ва раҳоии кишвар аз ин шармандагӣ бошад.

-Хеле ишораи ҷоӣ ва мантиқӣ кардед, вале ба ҳар ҳол асли дурнамои ин хукмро чӣ гуна мебинед?

– Худованд худаш доност ва танхо ӯ медонад, ки дурнамои ин қазия чӣ мешаваду Зайдро чӣ интизор аст. Набояд фаромӯш кард, ки бисёре аз шахсиятҳои бузург дар аввал аз тарафи низомҳои вақт бо гуноҳҳои гуногун ба муддати тӯлонӣ ҳабс шудаанд ё бадарға. Нелсон Манделла, террорист ва душмани халқ буд, Ленин, Фидел Кастро, Хумайнӣ, як ошӯбгар ва экстремист ҳисоб меёфтанд. Ва садҳо, шояд ҳазорхо адолатҷӯёни дигар ҳам тӯли таърих аз тарафи низому режимҳои замонашон азият шуданд, ки аксари онҳоро мо намедонем.

Мо гоҳо аз шахсиятҳое дар таърихи миллати хеш ёд мекунем, ки нисфи зиндагиномаи онҳо бофтаву дурӯғ ва зери таъсири сиёсатҳои замон будаанд. Вале, таърихи Зайд пеши чашмони мо мегузарад ва таърихи бедории виҷдони миллат ҳам ҳаст, ки бешак ҷузъи муҳими таърихи миллат хоҳад буд.

Ба касе маъкул ҳаст ё не, чунин аст. Ҳатман ин ҳарфҳои банда мухолиф будаҳоро хохад дошт, чун миллати мо ҳеҷ гоҳ фарзандонашро дар зиндагии онҳо нашинохтааст. Ман намегӯям, Зайд инсони бекамбудӣ ва маъсум мебошад. Танҳо паёмбаронанд аз гуноҳ пок. Вале, ӯ яке аз поктаринҳои ин миллат дар ин замон мебошад. Агар Зайд бо ин сифатҳояш сазовори 26 сол зиндон бошад, бешак боқимондаи миллат ҳар кадом сазовори ҳабси якумрӣ дар сахттарин зиндон бояд бошем. Шояд ҳам ҳастем ва мунтазири соат бошем.

Дилам гувоҳӣ медиҳад, ки аввалан бо кӯмаки Худованд ва баъдан бо дахолати Президент ё ҷомеъа қазияи Зайд ба таври мусбат ҳал хоҳад гашт ва ин ҳукми асримиёнагӣ, ки баробари ҳукми қатл аст, бардошта хоҳад шуд.

Мусоҳиб Ҳ. Сафуллоҳзода

More From Author

You May Also Like