«Мо мехоҳем мавқеи худро иброз дорем: ба ҳар ҳол, набояд масъалаҳои назидмарзиро бо истифода аз нерӯ ҳал кард», гуфтааст Алмазбек Атамбаев, раисҷумҳури Қирғизистон.
Бояд гуфт, имрӯз нишасти навбатии Машвар оид ба ҳакорӣ ва таҳкими эътимод дар Осиё доир мегардад.
«Моро тамоиле нигарон месозад, ки мехоҳанд чунин низоъро бо роҳи истифодаи нерӯ ҳал кунанд. Ин гуна усул барои ҳеҷ як кишвар натиҷаи хуб надорад. Биёед, масъалаҳои наздимарзиро бо роҳи мусолиҳатомез ҳал мекунем. Дар ҳолатҳои ҳассос бигзор муваққатан онро канор гузорем, то баъдтар бидуни истифодаи қувва сурат бигирад. Масъалаи амнияти Осиёро бояд худи давлатҳои осиёӣ, бидуни дахолати мамолики ғайр ҳал кунанд», гуфтааст Алмазбек Атамбаев.
Ҳамзамон воқеоти наздимарзии Қирғизистону Тоҷикистонро Алмазбек Атамбаев «иғвоангезиҳои тарроҳишуда» меҳисобад. Ба гуфтаи ӯ, ҳама вақт мушкилот вуҷуд дошт, аммо солу моҳҳои ахир ба ин ҳама «аз ҷониби шаҳрвандоне даъват сурат мегирад». «Далеле мавҷуд аст, ки замоне машруботи масткунанда тақсим мекарданд, баъзе афроди муайян талош намуданд, то дар назди дидбонгоҳи марзӣ ба даст силоҳ бигиранд. Дар робита ба ин масъала Абдураҳмон Маматалиев, ноиби сарвазир маро мутталеъ сохт. Ин иғвоангезии тарроҳишуда аст, ки аз ҷониби сиёсатмадорони муайян роҳандозӣ мегардад. Махсус таҳрик медиҳанд, зеро ҳарчанд дар кишвар вазъ вахим шавад, барои ин гуна нерӯҳо ҳамон қадар хуб аст. Вале онҳо дарк намекунанд, ки ин бозӣ хеле ба тарзи бад анҷом меёбад. Афсӯс аз нофаҳмии шаҳрвандони мо, ки барои шишаи хамре баъзан ба низоъ рӯ меоранд. Ҳамин тариқ, баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба чунин аъмол даст мезананд, ки ин метавонад боис ба низои сартосарӣ дар марз шаваду даҳҳо ва садҳо қурбониро аз ду тараф бар ҷой гузорад. Мо дар робита ба ин масъала бо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат кардем», гуфтааст Алмазбек Атамбаев.
«Вақти он расидааст, ки мардум бояд ба шинохти масъулияти худ оғоз намоянд. Барои ҳамин имсол Соли давлатдорӣ эълон шуд. Ҳар як шаҳрванди Қирғизистон бояд донад, ки ғайр аз манфиатҳои ӯ манфиатҳои давлатӣ низ вуҷуд доранд. Вале солҳои ахир мардум ба манфаитҳои давлат тӯф кардаанд, ҳеҷ як масъулияте дар баробари он надоранд», афзуд ӯ.
Categories
СИЁСАТ