Ҷоми “Иттиҳод – 2013” аз 17 то 27 январ дар Санкт – Петербург

Барои дарёфти Ҷоми “Иттиҳод – 2013”, ки аз 17 то 27 январ дар шаҳри Санкт – Петербург баргузор мегардад, дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол бо роҳбарии Мубин Эргашев иштирок хоҳанд кард.

Тавре дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабаргузории “Ховар” хабар дода, дар ин мусобиқот дастаҳои футбол аз кишварҳои гунонун чун, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдава, Латвия ва ғайра қуваозомоӣ хоҳанд кард.

Ба гуфтаи манбаъ, бозиҳо дар варзишгоҳи “Петербургский” баргузор мешаванд.

More From Author

You May Also Like