Имрӯз, 31-уми июл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия сафар кард.
“Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафараш мушовир оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев, вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода, вазири энержӣ ва саноат Гул Шералӣ, муовини аввали Вазири умури хориҷӣ Маҳмудҷон Собиров, сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллоҳ Девонаев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”- сегӯяд, дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон
Чанд рӯз қабл (26) июл сомонаи Кремлин, аз сафари президенти Тоҷикистон ба Русия хабар дода буд.
Ин сомона гуфта буд, ки баъд аз сӯҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин қарор шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба русия сафар анҷом диҳад.
Баъдан, сомонаи расмии президенти Тоҷикистон низ хабар дод, ки Владимир Путин пешниҳод намудааст, ки барои баррасии муфассалтари иҷрои тавофуқоте, ки ҳангоми сафари порсолаи расмии сарвари Русия ба Тоҷикистон ба даст омада буд, сафари кории президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав 1 – августи соли ҷорӣ сурат гирад.