Тибқи барномаи шуъбаи ҷавонон ва варзиши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳар моҳ дар қароргоҳи марказии ҳизб вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон баргузор мегардад. Дар вохӯриҳо маъмулан мавзӯъҳои доғи рӯз ва масоили марбут ба ҷавонон матраҳ мегарданд.
Дар вохӯрии навбатӣ низ интизор меравад баҳсу гуфтугӯ бештар атрофи вазъияти сиёсии кишвар ба хусус ҳаводиси охир сурат гирад. Зеро дар ин вохӯриҳо саволу ҷавобҳо ошкор ва озод сурат мегирад ва табиист, ки дар бораи ҳодисаҳои охир пурсишҳое матраҳ хоҳанд шуд.
Ба иттилои ҳамвататнон дар дигар минтақаҳо ва берун аз кишвар низ мерасонем, ки метавонанд суҳбатҳоро ба таври мустақим аз шабакаи иҷтимоии “ZELLO” дар гурӯҳи “ NAHZAT2015” пайгирӣ намоянд.
Замони баргузорӣ: 17 -10-2014, соати 14:00
Макон: Қароргоҳи марказии ҲНИТ, кӯчаи Борбад 1, Душанбе