Categories Ахбори рӯз

Вохӯрии раҳбарони Саъудӣ ва Миср дар дохили тайёра

Абдулфаттоҳ Сисӣ, президенте, ки бар асари табаддулоти давлатӣ ва сарнагун кардани президенти мунтахаби Миср ба қудрат расидааст, ба фурудгоҳи Қоҳира бо як даъвати таъҷилии Абдулазиз, шоҳи Саъудӣ ба ҳузури ӯ ҳозир шудааст. Дар ҳоле ки шоҳи Саъудӣ аввалин роҳбари давлатест, ки ба Миср баъд аз расман ба курсии президентӣ такя задани Сисӣ омадааст, хабар медиҳад “ал- Ҷазира”.
Шоҳи Саъудӣ зимни бозгашт аз мақари истироҳатии хеш дар Марокаш дар фурудгоҳи Қоҳира таваққуф намуда, генерал Сисиро дар дохили тайёра ба ҳузури хеш даъват намудааст.
Президенти Миср дар муколама бо шоҳи мазкур қайд кардааст, ки Миср мехоҳад бо пуштибонии кишварҳои арабӣ ҷойгоҳи хешро дар минтақа барқарор намояд. Шоҳи Саъудӣ ваъда додааст, ки барои омодагирӣ ба чунин як конфронс, нишасте, ки мавзӯи асосиаш кӯмаки молӣ расонидан ба Миср бошад, кӯмак мерасонад.
Қаблан шоҳ Абдулазиз изҳор дошта буд, ки ғалабаи генерал Сисӣ дар интихоботи моҳи май “бояд роҳи баромади Мисрро аз бесарусомониҳои чанд соли ахир» таъин намояд.

More From Author

You May Also Like