Шӯрои Федеролии Русия қонуни имтиҳони ҳатмии забони русӣ аз муҳоҷиронро зимни ҷаласаи навбатии худ, ки рӯзи чаҳоршанбеи 16.04.14 баргузор гардид, ба тасвиб расонид, навиштааст РИА Новости.
Ба навиштаи хабаргузории русӣ, агар шаҳрванди хориҷӣ ҳуҷҷати фориғутаҳсилиеро, ки аз ҷониби яке аз кишварҳои собиқ Нӯравӣ то 1 сентябри соли 1991 дода шудааст, надошта бошад, пас бояд аз забони русӣ имтиҳон супурд. Ҳамчунин ин гуна шаҳрванди хориҷиро санҷише мугузаронанд дар мавриди донистани таъриху асосҳои қонунгузории Русия. Вале мутахассисони баландпоя аз супоридани имтиҳон озод ҳастанд.
Қонун пешбинӣ кардааст, ки ҳангоми муроҷиъат барои дарёфти иҷозаи иқомати муваққат, корт барои кор ва ё патент шаҳрванд бо пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои лозима бояд собит созад, ки забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русияро медонад
Дар ҳоли тасвиби Ин қонун Аз сӯи президенти Русия, муҳоҷирон шурӯъ аз 1 – уми сентябри соли 2015 аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Русия имтиҳон хоҳанд супорид.
Categories
Ахбори рӯз