Categories Ахбори рӯз

Вохӯрии Э. Раҳмон бо Теодор Алверс ва Моту Конашӣ

Э. Раҳмон бо Теодор Алерс ва Моту Кониши вохӯрӣ намуда, аз натоиҷи муҳокимаи масоили вобаста ба сохтмони нерўгоҳи Роғун, ки чанде пеш дар ҳузури роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифта буд, иттилоъ дода, аз ҳавасмандии Тоҷикистон баҳри дар сатҳи баланди байналмилалӣ гузарондани асосноккунии техникию иқтисодӣ ва омўзиши таъсири экологию иҷтимоии ин лоиҳа изҳори қаноатмандӣ карданд. Дар робита ба ин мавзӯъ Э. Раҳмон баён дошта, ки ташхиси лоиҳаи сохтмони нерўгоҳи Роғун бояд дар сатҳе гузаронда шавад, ки ҳеҷ шакку шубҳа ба бехатарии он ба муҳити зист ва низоми обтаъминкунии минтақа боқӣ намонад. Дар навбати худ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ изҳор доштаанд, ки «барои амалӣ намудани ин ҳадаф беҳтарин мутахассисони касбӣ, ки дар тамоми ҷаҳон маъруфанд, ҷалб карда мешаванд».

More From Author

You May Also Like