Талабшоҳи Салом
Эмомалӣ Раҳмон, раиҷумҳури Тоҷикистон, ки 1 август бо даъвати Владимир Путин, раёсатҷумҳури Русия ба Маскав рафта буд, аз дидор бо Путин изҳори қаноатмандӣ намуда, ваъда додааст, ки тирамоҳ, баъд аз он ки вукалои парлумон аз таътил бармегарданд, шартномаи будубоши пойгоҳи ҳарбии Русияро имзо хоҳанд кард. Ин иттилоъро торномаи Кремлин пахш намудааст. Ҳол он ки торномаи президенти Тоҷикистон ба ҷуз он ки навиштааст, «гуфтугӯи судманд доир ба муҳлати ба тасвиб расондан ва татбиқи босамари санадҳое, ки моҳи октябри соли 2012 зимни сафари расмии Валадимир Путин дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буданд, сурат гирифт. Тавре зикр гардид, дар ояндаи наздик ин масоил бояд ҳалли ниҳоии худро ёбанд», ташреҳи дигаре дар иртибот ба замони таҳаққуқи қарордод надодааст.
Тибқи иттилои Кремлин, дар робита ба таҳкими марз дар лобалои хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон дар доираи СПАД суҳбат шудааст, аммо ҷиҳати бозгашти русҳо ба марзи Тоҷикистон ишораи дақиқе нест. Ҳол он ки гуфта мешавад, русҳо хостори бозгашт ба марз ҳастанд.
Агарчи дар расонаҳои расмӣ беш аз гуфтаҳои боло чизи наве нест, вале матбуоту коршиносони рус низ чун ҳамтоёни тоҷикистонии худ сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба интихобот рабт медиҳанд. Аз ҷумла, Виктория Панфилова, муаллифи матлаби «Рахмон привез Путину очередные обещания» дар «Независмая газета» бо иқтибос аз гуфтаҳои Э. Раҳмон вохӯрии ҳарду сарони кишварро «дастурамал барои оянда» хондааст.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, «муносибати мо ба ин масъала (имзои шартнома оид ба тамдиди муҳлати пойгоҳ. – Т. С. ) ҷиддитарин аст, азми қавӣ дорем, ки масъулияти ба уҳдагирифтаамонро иҷро намоем ва бинобар ин бо ҳалли худро ёфтани якчанд масъалаи муртабит ба пойгоҳ ва бо бозгашти вукало аз таътил ин масъала ҳалли худро меёбад». Бо овардани иқтибосот аз Эмомалӣ Раҳмон Виктория Панфилова ба андешаест, ки «ба назар мерасад, ин маротиба ҳам президенти Тоҷикистон боварии Русияро ба даст овардааст». Чунин як мавзеъгириҳо дар ҳоле матраҳ мешаванд, ки Алексадр Собянин, раҳбари Ассосиатсияи ҳамкориҳои марзӣ афзалияти кишварҳои пасошӯравиро барои Русия таъкид менамояд, алахусус афзалияти Тоҷикистонро.
Нимназаре ба мавқеъгириҳои қаблӣ
Таври маълум, масъалаи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ҳанӯз миёнаҳои соли 2011 ба вуҷуд омада буд. Он замон, ки Дмитрий Медведев сари қудрат буд, Тоҷикистон ният дошт, ки ба ивази ҳузури пойгоҳи низомӣ солона 300 миллион доллар ба даст биёрад. Ҳатто Ҳамрохон Зарифӣ рӯзи 18 июли соли 2011 гуфта буд, ки «агар ягон нафар дар хориҷикишварҳисобкунад, кипойгоҳинизомӣваёэлементҳоионбояддарТоҷикистонройгонбошад, мочунинпосухдорем, кисарзаминиТоҷикистон моликият ё ин ки сармояи падари вазири корҳоихориҷӣваёвазиридифоъиТоҷикистоннест. Онарзишдорад…».
Чунин як мавзеъигири вазири корҳои хориҷӣ, агар баъзеҳоро шерак мекард, баъзеи дигар онро бефоида қаламдод карданд, гурӯҳи дуввум ҳақ будаанд. Масъалаи рӯёдани маблағ ва надодани муҷаввиз барои пойгоҳ дар тирамоҳи ҳамон сол, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев баргузор мешуд, аз масоили калидӣ ВАО ба шумор мерафт ва ҷониби Тоҷикистон умед дошт, ки иқомаш бенатиҷа намемонад, аммо бо ба Тоҷикистон омадани Дима Медведев масъала ҳалли худро наёфт, балки то ба сари қудрат омадани Путин масъала будини ҳал боқӣ монд.
Ахиран ҳам, тобистони соли 2012 боз ҳам масъала рӯ зад ва октябри ҳамон сол дар натиҷаи омадани Путин ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, то соли 1942 муҳлати ҳузури пойгоҳ тамимдид мегардад. Дар баробари ин В. Путин ваъда дод, ки ба ивази ҳузури пойгоҳ муҳлати будубоши беқайди тоҷикони муҳоҷирро 15 рӯз намуда, солона 1 миллион тонна сӯзишвории бидуни боҷи давлатӣ ва ҳамзамон кӯмак дар сохтори низомӣ медиҳад. Тибқи иттилои матбуоти русӣ, ин созишнома аз ҷониби Русия 7 майи ҳамин сол ба тасвиб расид, вале ҷониби Тоҷикистон нав аз уҳдадориҳо сухан мекунад.
Бояд гуфт, қарор буд, ки созишномаи мазкур баҳори соли ҷорӣ имзо мерасад ва шартҳо амалӣ мешаванд, вале ин амал таҳаққуқ напазируфт. Амалӣ нашудани ин шартнома таҳлилгарон ҳар гуна шарҳ медоданд. Аз ҷумла, яке аз онҳо ин буд, чун Эмомалӣ Раҳмон кафолати пуштибони ӯ будани Русияро дар интихобот дарёфт намояд, шартнома ба имзо мерасад, аммо таҳлилгароне буданд, ки иллати таҳққуқ напазируфтани шартномаро дар масоили иқтисодӣ ҳам медиданд. Ин идда бар он буданд, ки ҷониби Русия намехоҳад, то 1 миллион тонна маводи нафтие, ки бидуни боҷи гумрукӣ ба Тоҷикистон медиҳад, ба Афғонистон реэкспорт шавад. Вале ҷониби Тоҷикистон ба ин шарт розӣ намешуд. Пас, дар баробари интихобот авомили дигаре низ будаанд, ки монеъи имзои шартнома мешудаанд.
Адами дарки назокат
Ҳамакнун вақте бобати ин ноҷӯриҳо дар арафаи интихоботи президентӣ сухан меравад, «Независмая газета» менависад, ки Маскав мустасно наменамояд онеро, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботӣ президентӣ кӯмак намояд, вале ӯ самти қаблияшро идома диҳад. Вале Александр Собянин чунин бозиҳои президенти Тоҷикистонро ин маротиба боиси суқути режими ӯ донистааст. Зеро, ба гуфтаи А. Собянин, дар ҳоли иҷро нагардидани уҳдадориҳои Эмомалӣ Раҳмон назди Маскав нерӯҳои дохилӣ сенарияи инқилобиро роҳандозӣ менамоянд, ки дар ҳоли иҷро шудани ваъдаҳо Маскав омода аст, ӯро сари ҳокимият ҳифз намояд.
Тавре дар боло ишора намудем, ҳанӯз соли 2011, вақте ки масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи «Дивизияи 201» дар Тоҷикистон буруз кард, аксари коршиносон онро ба интихоботи президентӣ рабт доданд. Чун феълан, ки ин маъракаи сиёсӣ наздик аст ва кафолати ҳузури он ваъда шудааст, пас, ин назар дуруст аст. Вале фикри А. Собянин ҳам ҷиҳати ҳифзи қудрат ҷой дорад, дар ҳоле ки шояд назари мазкур ҳам аз ҷониби масъулини ҳукумати мо такзиб шавад, зеро мо чунин таҷрибаро дорем. Яъне ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз аз аввал мақсадашро пинҳон доштааст ва ҳангоми гуфта шудани мақосиди ӯ аз ҷониби Маскав онҳоро такзиб кардааст. Масъалаи баъдӣ он аст, ки мақсади Маскав бо забони шахсиятҳояш матраҳ мешавад, аммо ҷониби Тоҷикистон онро нодида мегирад.
Масалан, ҳанӯз моҳи июни соли 2012 Владимир Чиркин, фармондеҳи нерӯҳои хушкигарди Русия дар нишасти Кумитаи Шӯрои Федератсия Русия оид ба мудофиа ва амният ба низоъҳои маҳалӣ кашида шудани се кишвари минтақа – ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро пешгӯӣ карда буд. Албатта, ин сухан бо назардошти таноқуз миёни кишварҳои номбурда бобати масоили энергетикӣ гуфта шуда буданд, вале низоъро на байнидавлатӣ, балки маҳаллӣ мешуморид. Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон инро такзиб карда, «беназокатии сиёсӣ»-яш унвон кард. Аз ин бармеояд, ки таҳаққуқи чунин як низоъро ҷониби Тоҷикистон қабул надошт, вале ҳамагӣ як моҳ пас воқеоти Хоруғ сар заданд.
Шояд чунин назаре пайдо шавад, ки манзури В. Чиркинро на ба воқеоти Хоруғ, балки ба низоъ байни ӯзбакистону Қирғизистон ва ё Тоҷикистон рабт диҳанд. Аммо дар ҳамин маврид ҳам бояд сари ибораи «мунозиъаи маҳаллӣ» таваҷҷуҳ хос дода шавад.
Аз ин лиҳоз, метавон хулоса баровард, ки созишнома ба имзо мерасад, зеро дигар фурсати фикр кардан намондааст.
Ҳамчунин президент бо назадошти «дастурамал барои оянда» ин маротиба ҳам вориди корзори интихобот мегардад. Ҷиҳати масъалаи марз бошад, аз он ки ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон аз ҷониби шахси аввали кишвар мусбат арзёбӣ шудаанд, Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиши бозгашти марбонҳои русро надорад, вале ишораи Путин вобаста ба қавӣ намудани ҳамкориҳои марзӣ дар доираи ҳамкориҳои СПАД аз хостори ба марзи кишвар баргаштани русҳо башорат медиҳад.
Манбаъ: «Наҷот”