Масъулини шаҳри Панҷакент барои сохтмони бинои бахши ҲНИТ дар ин шаҳр қитъаи замин ваъда додаанд.
“Мо шуморо ба рӯйхати эҳтиёҷмандон ба замин ворид кардем”, гуфтааст муовини раиси шаҳр.
Сино Ҳасанзода, масъули бахши ҲНИТ дар шаҳри Паҷакент мегӯяд, Шоҳида Худойбердиева, масъули шуъбаи идеологии ҳукумати шаҳр ваъда додааст, ки барои бунёди қароргоҳи бахши ҳизб аз заминҳои наздик ба шаҳр қитъаеро ҷудо хоҳанд кард.
Ба гуфтаи масъули бахш, Шоҳида Худойбердива гуфтааст, феълан аз заминҳои ҳудуди ҷамоати Саразм ба аҳолӣ замин тақсим шуда истодааст ва баъди ба итмом расидани тақсимот дар ин ҷо додани қитъаҳои замин аз мавзеъҳои наздик ба маркази шаҳр шурӯъ мешавад, ки масъулинро барои гирифтани замин даъват хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, Сино Ҳасанзода мегӯяд, эҳтимол меравад, қитъаи замине, ки пешниҳод мешавад, қобили қабули онҳо набошад, зеро аз маркази шаҳр дуртар аст.
Бояд гуфт, масъулини шаҳри Панҷакент қисмати бинои бахши ҳизбро тахриб намуда, ваъда дода буданд, ки аз қисмати мавзеъҳои наздик ба шаҳр барои сохтмони бахши ҳизб қитъаи замин ҷудо карда мешавад.
Categories
Ахбори рӯз