Categories Uncategorized

Вуҷуд ва талоши ҲНИТ қонунист, на хатар!

“Наҷот”

Дар ин авохир (агарчи аз қабл ҳам буд) як маъракаи иғво ва бадномсозӣ алайҳи ҲНИТ аз ҷониби расонаҳои кишвар, чӣ ҳукуматӣ ва чӣ ғайриҳукуматӣ роҳандозӣ шудааст. Ба таҳлили мо, ин иқдом бо пуштибонии амиқи сохторҳои махсуси қудратии кишвар рӯйи даст гирифта шуда, эшон мехоҳанд аз ҲНИТ як чеҳраи хашин ва хатарзо барои ҷомеъаи Тоҷикистон бисозанд. Аммо тамоми матолиби нашршуда ва таҳлилҳои ба истилоҳ коршиносон бештар сатҳӣ ва бе далелҳои амиқи собиткунанда буда, ғариза ва субъективияти муаллифони онҳо эҳсос мешавад. Дар як моҳи охир нашрияи расмии Ҳукумати Тоҷикистон, «Ҷумҳурият» беш аз 5 матлаби ғайрикасбӣ ва бе доштани далелҳои воқеъиро аз номи муаллифони гумном интишор дод. Ҳафтаномаи «Миллат» бошад, аз соли 2010 ба ин сӯ як маъракаи зидди ҲНИТ-ро оғоз кардааст. Аз ҷумла, дар мусоҳиба бо шоъири тоҷик Бозор Собир  соли 2010 дархости бастани ҲНИТ-ро намуд. Аҷиб ин буд, ки бо супориши ғайрирасмӣ, аммо қотеъи сохторҳои қудратии кишвар аз тамоми нашрияҳои ҳукуматӣ дар вилоёт ва шаҳру навоҳӣ тақозо мешуд, ки ин мусоҳибаро чоп кунанд. Агарчи ҳукумати кишвар ба таври расмӣ аз Бозор Собир қадрдонӣ намекунад, ҳатто ҳамон сол, ҳангоми баргаштани Бозор Собир аз Амрико розӣ нашуд, ки ҳадди ақал шаби шеъри ин шоъир таҷлил шавад. Вуҷуди чунин воқеъиятҳо нишон медиҳад, ки маъракаи зидди ҲНИТ дар нашрияҳои Тоҷикистон як амали ҳисобшуда ва бештар пуштибониёфта аз ҷониби мақомоти маълуми кишвар мебошад. Нашри матлаби Ҳокимшоҳи Муҳаббат, ҳамчун раиси Ҷумбиши миллии Тоҷикистон дар нашрияи «Миллат» бо номи «Беҳтарин ҳадяи шумо ба миллат пароканда сохтани ҲНИТ аст» воқеъияти маъракаи ҳисобшуда будани ин амалкардро бори дигар барои ҷомеъа, бахусус доираҳои огоҳи он рӯшан кард.

Ҳамаи ин баҳсҳо, ба назари мо, як асос доранд. Асоси аслӣ ва калидии ин гуна матолиб ва баҳсҳои бесуд ин аст, ки қудрати сиёсӣ дар Тоҷикистон аз фаъолшавии ҲНИТ ва густариши нуфузу афзоиши ҷонибдорони он хатари сиёсиро эҳсос мекунад. Аз даст додани қудратро, ки ин раванди табиъист, ба сифати як хатари миллӣ мехоҳанд ҷилва бидиҳанд. Аммо бо он ки ҲНИТ аз худ як чеҳраи миллӣ, мӯътадил ва мардумиро ба намоиш гузоштааст, ҳамаи ин гуна «таҳлилҳо» ва «матолиби коршиносӣ» натиҷа намебахшанд. Зеро ҲНИТ як ҳаракати бархоста аз батни ҷомеъаи Тоҷикистон аст ва ифодакунандаи ниёзҳои маънавӣ ва эътиқодии бештар аз 98%-и аҳолии кишвар. Ҳоло дар ин матлаб кӯшиши ҷавоби як ба як гуфтанро ба тамоми матолиби нашрияҳо алайҳи ҲНИТ намекунем, балки ба нуқтаназарҳои марказии ин матолиб ва «таҳлилҳо» ба таври воқеъӣ посух мегӯем:

– Бисёре аз нашрияҳо ва коршиносон Ислом ва ҲНИТ-ро як омили хатарзо барои амнияти кишвар ва ояндаи Тоҷикистон медонанд. Аз ҷумла, ин ғоя дар чандин матолиби нашрияи «Миллат», рӯзномаи «Ҷумҳурият», сомонаи АМИТ «Ховар», аз ҷумла дар матлаби Ҳокимшоҳи  Муҳаббат зикр шудааст. Ҳатто Абдураҳим Холиқов, раиси Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон дар китоби худ, «Ҳукуқи исломӣ» (ин китоб баҳсҳои густардаеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард ва  ғайриилмӣ ва ғайриобъективӣ буданаш ҳам таҳаққуқ пайдо кард) омили исломиро ба сифати як хатар барои Тоҷикистон ҳисоб менамояд. Вале дар ҳамаи ин матолиб як ғалати илмӣ вуҷуд дорад.

Тамоми муаллифони ин матолиб дар Тоҷикистон миллатро чун ҳукумат маънидод мекунанд. Рақиби ҳукумат будани ҲНИТ-ро рақиби миллат ташреҳ медиҳанд ва миллатро дар инҳисори қудрати сиёсии феълӣ ҷой мекунанд. Ва аз ҷониби дигар вақте Исломро аз таркиби ҳувият ва фарҳанги мардум берун кашиданӣ мешаванд ва онро як ҷараён ва ё фарҳанги ғайримиллӣ ҷилва додан мехоҳанд, ба иштибоҳи илмӣ ва шинохти фарҳанг роҳ медиҳанд. Ислом дар Тоҷикистон чизе ҷуз таркиби нерӯманди фарҳанги миллӣ нест. Аз тарафи дигар ҳарос аз Исломи сиёсӣ ва хатарзо унвон кардани он ҳам чандон мантиқ надорад. Чунки дар таҷрибаи давлатдории тоҷикон ва мардуми Осиёи Марказӣ наздик ба ҳазор сол таҷрибаи  қудрат будани Исломи сиёсӣ вуҷуд дорад ва он ҳеҷ гуна фоҷиъаеро дар пай надоштааст. Бо ин ки дар даврони шӯравӣ ва Ҳукумати коммунистии Тоҷикистон Ислом ба сифати дин ва фарҳанги мардум инкор мешуд, ҳаргиз маънои бегона будани фарҳанги исломиро барои мардуми Тоҷикистон надорад. Аз ҷумла, Ҳокимшоҳи Муҳаббат дар ҳамин матлабаш менависад, ки дар поёни солҳои 80-ум фаъолшавии мазҳабӣ дар Тоҷикистон мушоҳида шуд. Ин фикр бар асосҳои фарҳангшиносӣ ва ҳамчунин антропологӣ нодуруст аст. Зеро Тоҷикистон як кишвари бедину мазҳаб набуд, ки дар он фаъолшавии мазҳабӣ ба вуҷуд ояд. Дар Тоҷикистон намояндагони рӯҳоният ва эътиқодманд саркӯб ва таъқиб мешуданд, ки бо фароҳам шудани шароит садо баланд карданд ва талаби қонунии ҳуқуқҳои фитрӣ ва сиёсии худро пеш гузоштанд. Аммо ин фикри бархатои коршиносони берунист, ки бо таассуф муаллифони дохилӣ ҳам онро вом мегиранд, бе ин ки таҳлили воқеъии шароит ва равандҳои тоҷиконро дар тадовуми таърих дошта ва ё карда бошанд. Масалан, мешавад, ки дар Русия ва ё Амрикову Бритониё таъбири фаъолшавии гурӯҳҳои исломӣ ва мазҳабиро дуруст ҳисоб кард, зеро ин кишварҳо зотан кишварҳои ғайриисломианд, аммо дар Тоҷикистон, ки мардуми он бештар аз 1200 сол ба ин сӯ мусалмон мебошанд, чӣ гуна метавон таъбири «фаъолшавии мазҳабӣ»-ро дуруст пиндошт? Агар Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегуфт, ки имконияти сиёсӣ ва амниятӣ барои фаъол шудани гурӯҳҳои диндор фароҳам шуд, шояд дурусттар мебуд. Ба ин маъно хулоса кардан дуруст аст, ки Ислом ба унвони дин ва идеологияи сиёсӣ барои миллати тоҷик хатар надорад. Масъалаи баҳси нерӯҳои исломӣ барои қудрати сиёсӣ бояд воқеъитар шинохта шавад ва ин як амали қонунӣ ва дуруст дар дунёи мудерн аст. Таҳаққуқи ин пиндорро дар ба қудрат расидани ихвониҳо дар Миср мебинем, ки имрӯз тамоми кишварҳои зиддиисломӣ ҳам маҷбуранд, онҳоро ба расмият бишносанд.

– Хатарзо унвон шудани ҲНИТ ва иттиҳоми экстремистиву террористӣ бастан ба он ҳам як кӯшиши беҳуда ва ғайривоқеъист. Аксари таҳлилгарон ба низоъи қаблии ҲНИТ таъкид мекунанд. Аммо бояд гуфт, дар шароите ки Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон ҳам низоъи қаблӣ дорад, собиқаи низоъии ҲНИТ ҳам як амалкарди манфӣ нест. ҲНИТ имрӯз аз худ як чеҳраи мӯътадили сиёсиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба намоиш гузоштааст. Ҳамин аст, ки густураи нуфуз ва сафи алоқамандонаш рӯз то рӯз меафзояд. Ҳамин омил мояи нигаронӣ ва ҳароси қудрати сиёсӣ дар кишвар шудааст. Икдомҳои зиддиисломӣ ва ғайриқонунии ҳукумат ҳам, аз қабили бастани масҷидҳо, маҳдуд кардани озодиҳои эътиқодии мардум, манъ кардани амри маъруфу таблиғоти динӣ, даст дароз кардан ба масъалаҳои номусии мардум (аз қабили монеъ шудан ба пӯшидани ҳиҷобу гузоштани риш дар муассисоти давлатӣ ва таълимӣ) ва қабули як қатор қонунҳои дигар ҳама ҳарос аз ҲНИТ аст. Вагарна тамоми таҳлилгарон ва шахсиятҳои соҳибандеш медонанд, ки Ислом ҳеҷ вақт мояи хатар ва фоҷиъа барои мардуми Тоҷикистон набуд ва нест.

– Дар Тоҷикистон расм шудааст, ки тамоми бадбахтӣ ва нокомиҳоро ба Ислому муллоҳо ва дар доираҳои ҳукуматӣ ба ҲНИТ рабт бидиҳанд. Ҳамчунин таҳлилгарон ва муаллифони матолиби алайҳи ҲНИТ ҳам талош ва муборизаи қонунӣ, расмӣ ва дурусти ҲНИТ-ро як ҷараёни ғайриқонунӣ маънидод ва онро ба сифати як хатари миллӣ пешниҳод менамоянд. Ин чиз дар таҳлилҳо баръало мушоҳида мешавад. Чанд сол пеш Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури кишвар зимни рӯнамоии як тадқиқоти худ гӯё маълум намуд, ки ҲНИТ дар Тоҷикистон аз пуштибонии кофии мардум бархурдор нест. Аммо амалкардҳои ҳукумат ва роҳандозии як маъракаи бадномсозӣ  зидди ҲНИТ ва бештар бо истифода аз машинаи номуваффақи таблиғотиву идеологияш нишондиҳандаи он аст, ки соҳибони феълии қудрати сиёсӣ ҲНИТ-ро ягона рақиби нерӯманди худ медонанд. Матолиберо, ки дар нашрияҳои ғайриҳукуматӣ ва бо кӯшиши муаллифон дар нашароти ғайриҳукуматӣ чоп мешаванд, комилан супоришӣ меҳисобем. Зеро ҳеҷ кадом муаллиф ва коршинос то имрӯз бо далелҳои қотеъу амиқ, илмиву собитшуда ба исбот нарасонидааст, ки ҲНИТ барои Тоҷикистон хатарнок аст ва ин корро ҳам собит карда наметавонад. Зеро чунин далелҳои ғайриилмӣ ва дурӯғ вуҷуд надоранд. Агар имрӯз собит шавад, ки воқеъан, ҲНИТ барои ояндаи миллати тоҷик хатар дорад ва мояи бадбахтии он мегардад, фикр мекунем, қарори роҳбарияти олии ин ташаккули сиёсӣ чизе ҷуз пароканда кардани он нест. Вале ҲНИТ бештар барои саъодати мардум ва миллати шарифи тоҷик талош ва мубориза мекунад.

– Албатта, бо наздик шудани интихоботи раисҷумҳурӣ дар Тоҷикистон вуҷуд ва падид омадани чунин шеваҳои муборизаи ғайриахлоқӣ ва ғайриқонунии доираҳои маълумро бояд ба сифати як «раванди табиъӣ» қабул намоем. Чун онҳо дар амалкардҳои ҲНИТ иштибоҳоти дигарро намебинанд, даст ба тӯҳмат ва ғайбати сиёсӣ мезананд, ки ин аз муборизаи носолим гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷониби дигар матолиби нашрияҳо бисёр ғайриилмӣ, дар сатҳи пасти ҳирфаӣ (бештар матолиби «Ҷумҳурият») ва хеле ҳақирона омода мешаванд, ки «тавонмандӣ»-и ин гурӯҳро нишон медиҳад. Ин нашрия дар ин авохир ба як минбари таҳқир ва манфурсозии чеҳраҳои арзишманд ва фаъолони сиёсии Тоҷикистон табдил шудааст ва фаромӯш кардаанд, ки чунин шеваи кор хоси як васоити ахбор, он ҳам нашрияи расмии як кишвар намебошад.

Дар ин авохир мушоҳида мешавад, ки ин маърака аз сатҳи нашрияҳо ба сатҳи коршиносон ва олимон гузаштан дорад ва бидуни шакку тардид, ин коршиносонро ҳам ҳатман нафароне аз мақомот таҳрик додаанд. Канор рафтан аз баррасии мушкилоти ҳукумат ва фаромӯш кардани масъулиятҳои миллӣ ва ё ноком шудан дар барномарезиҳои пешбурди ҷомеъа мақомотро мунҷар ба ин кардааст, ки рӯйпӯш кардани костагӣ ва ноӯҳдабароии худро дар ҷойи дигар, аз ҷумла дар ҲНИТ суроғ кунанд.

Таҳлили воқеъият ва заминаҳои ин маъракаи зидди ҲНИТ ниёз ба таҳқиқи бештар дорад. Чун ошкор кардани далелҳои қотеъ бештар ба нафъи кор аст. Аммо ошкор шудани танҳо ҳамон «Протоколи 32-20» кифоя аст, ки то куҷо ба дурустии ин ҳама гуна фикру таҳлилҳо эътимод кунем. Аз ин рӯ, набояд аз вуҷуди ҲНИТ нигарон буд ва онро як манбаъи хатару фоҷиъа барои мардум ва миллати тоҷик нишон дод, балки бояд ба ҳаққи қонунӣ ва расмии ҲНИТ дар муборизаи сиёсӣ эҳтиром гузошт. Худи ҲНИТ собит карда, ки як ташаккули сиёсӣ буда, барои саъодати мардум талош мекунад. Инро бояд аз нуфуз ва густариши он эҳсос кард. Бо ҳам омадани ниёзҳои сиёсӣ ва эътиқодии мардум ва роҳандозии шеваи хуби кор ба тавфиқи ҲНИТ дар оянда мусоидат мекунад. Бо истифода аз зӯр часпондани тамғаи экстремистиву террористӣ (ин фикр дар навиштаи Ҳокимшоҳи Муҳаббат мушоҳида мешавад) ба ҲНИТ ва тарошидани як чеҳраи хашин аз он ҳеҷ гоҳ ба манфиъати қудрати сиёсӣ ва миллати тоҷик тамом намешавад.

More From Author

You May Also Like