Абдулатифи Ҳаммод
nahzat.tj
Ҳукумати Малезия аз муассисаҳои динӣ талаб карда аст, ки барои ҷамъоварии закот ва тақсими он бар камбизоатон кушишҳои худро афзоиш диҳанд.
Ин муассисаҳои динӣ иқдоми хайрхоҳонаи Ҳукуматро хуб пазируфтанд.
Дастгоҳи Нахуствазири Малезия баёнияеро содир намуд ва дар он аз муассисаҳои ҷамъи закот, ки бо гуруҳҳои динӣ марбутанд, дархост намуд то василаҳои ҷадид барои ҷамъ ва тақсими закот дарёфт намоянду дар дохили ҷомиъа кор баранд, то камбизоатони ҳақиқиро муайян кунанд ва роҳи ҳалли муносиб барои мушкилоти онҳо пайдо намоянд.
Дар се вилояти федеролии ин кишвар; Куала-Лумпур, Лабуан ва Бутроҷия соли гузашта 112 миллион долари амрикоӣ пули закот ҷамъоварӣ гардида буд. Ин дар ҳолест, ки соли 2010 дар ин вилоятҳо 91 миллион долар будааст.
Коршиносон мегуянд, ки соли ҷорӣ дар ин се вилоят ҷамъоварии пули закот ба 120 миллион доллар хоҳад расид.