Дар кишвари азизу ягонаи мо сиёсат як раванди фавқулоддаи «нодир» касб кардааст, вале онро наметавон унсури муҳими ҳастӣ гуфту ба низомдароварандаи муносибатҳо дар дохили кишвар, балки сиёсат айни ташвиқи бенизомист. Чунки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали рӯи кор омадани «ҳукумати муросои миллӣ» фарҳанги муносибатро ба муносибати бефарҳангӣ табдил додем, ҳатто алайҳи он қиём карданд ва табдилаш сохтанд ба хости худ.
Агарчи дар замони шӯравӣ ҳам сиёсатро ифлос мегуфтанд, вале ифлосикуниҳои сиёсатро дар замони баъд аз табдили «ҳукумати муросои миллӣ шоҳид гаштем. Тавре як дӯсти ҷомеъашиноси мо таъбир кардааст, шояд бисёр рӯйдодҳои паси суратгиранда дар ҷомеъа, ба фаҳмишҳои пасти баъзе сиёсатмардони мо алоқа дошта бошанд.
Вале фаҳмиши «сиёсати ифлос» дар фарҳанги пурғановати исломӣ, ки миллати азизи мо гомбардори муассир ва такмилдиҳандаи он буду иншоаллоҳ боз ба ин сатҳ хоҳад баргашт, ғунҷоиш намеёбад. Асли фазои сиёсати миллати мо сарчашма мегирад аз арзишҳои баланди номусмеҳвариву ахлоқӣ ва қонунмандӣ.
Имрӯзҳо гӯё дар кишвар ба хотири баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ тафу талошҳое сурат мегиранд, ба ҳар ҳол чунин вонамуд мекунанд, ки дар наздиктарин рӯз дар асоси қонун интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Як шиъоре ҳам дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ бо ишора ба унсури демократӣ будани интихоботро хондам. Вале ҳамин як шиъор боз ҳам шарҳ мехоҳад, ки оё дар кишвар интихоб аст ё чизи дигар ва агар ҳаст, бояд кадом интихоботро унсури муҳими демократия гуфт?
Дар аввал интихоботеро, ки дар воқеъ тамоми ҷанбаҳои он рабт дошта бошанд ба озодӣ ва ҳуқуқи комил ва баъдан ширкаткунандагон баҳсҳои хешро ба қиём мерасонанду интихобкунанда аз миёни нафарони дар майдон буда, якеро барои худ интихоб мекунад. Танҳо дар чунин шакл ва натиҷагирӣ аз раъйи мардум барандаи баҳс муйаян мешавад, дар акси ҳол бояд шарм кард аз ин гуна «интихоботу интихоб»-и нафаре.
Дар мо интихобе набуд ва ҳоло ҳам нест, ҳадди ақал баъд аз табдили «ҳукумати муросои миллӣ» зери шиъори «барқарорсозии ҳукумати конститутсионӣ». Оё дар мо ҳукумати конститутсиониро барқарор карданд ё низоми наве тавассути «кафшер»-карданҳо арқарор шуд? Оё ин кафшерро бояд шикаст ё худ шикаста мешавад? Оё интихобот ба хотири саҳнасозиҳост ва ё таъмини зиндагии миёна барои мардум? Оё низоми давлатдории миллии мо бо ҷунбон-ҷунбону синазаниҳо шакл мегирад ё азхудгузариҳо ба хотири барқарории низоми мардумӣ? Оё кишвари мо кишвари рақсу бозист ё мардуми дарбадару сарсон? Оё озодӣ ва ҳуқуқ моли ҳар шахс аст ва ё аз афроди хос?
Дар охир вақте мебинам қазияи ба маҳкама кашидану баҳсҳои «пасипардагӣ бо Зайдуллоҳ ҷанбаҳои тавҳину таҳқиркуниҳо, фасодзадагиву бешармӣ ва поймолкунии ҳуқуқ дар қиболи як фарди одолатпеша ва покро ошкор мекунад, боз ҳам боварам қавӣ мегардад, ки нигоҳ доштани тарсу ҳаррос асли бақои ин низом будааст. Оё низоми ахлоқмеҳвареро дидаед, ки барои мардум чизеро «сир» бидонад, вале ифшогару таблиғгари «сир» худ бошад?
Агар эҳтиром ба қонун мегузоранд, фарҳанги беқонуниро фарҳанги қонунмандӣ дар кишвар шакл бидиҳанд, илло ҷомеъа тавони бардошти ин ҳама таҳқиру тавҳинро ба дарозо бардошт надорад.
Бо умеди барқарории номус ва фарҳанги қонунмандӣ.