Додгоҳе дар Африқои Ҷанубӣ Оскар Писториус, давандаи машҳури ин кишварро ба иттиҳоми тирандозии маргбор ба дӯстдухтараш Рива Стейнкамп ба муддати 5 соли зиндон маҳкум кард.
Тибқи хабаргузории “voanews”, қозии додгоҳ раъйи худро имрӯз сешанбе қироат кардааст. Додгоҳи мазкур дар робита ба ҳодисаи рухдода 7 моҳ тафтишоти худро гузаронидааст. Оскар Писториус қатли қасдани маъшуқаашро рад карда буд.
Додситонҳо зимни тафтиш иброз доштаанд, ки новобаста аз он ки Писториус як давандаи машҳур аст, бояд ба 10 соли зиндон маҳкум шавад. Аммо гурӯҳи вакилоне, ки аз ӯ дифоъ мекарданд тавонистанд, ки муддати 10 солро ба 5 сол расонанд.
Лозим ба ёдоварист, ки Оскар Писториус, давандаи машҳур моҳи гузаштаи мелодӣ бо қатли маъшуқааш дастгир шуда буд. Вай иброз дошта, ки дӯстдухтарашро бо як дузд, ки гӯё вориди манзилаш шуда монанд кардааст.