Даҳҳо ҳазор нафар аз фаластиниҳо рӯзи шанбе ба муносибати 25 – умин солгарди таъсиси Ҳамос дар Ғазза тазоҳурот карданд.
Ба гузориши хабаргузориҳо, Холид Мишъал, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, ки рӯзи ҷумъа пас 45 сол вориди Ғазза шуд, қарор буд рӯ ба рӯи тазоҳуркунандагон суханронӣ кунад.
Сафари Холид Мишъал ба Ғазза ду ҳафта пас аз ҷанги ҳаштрӯзаи Исроил ва Ҳамос анҷом шуд. Дар ин даргириҳо 180 фаластинӣ ва 6 исроилӣ кушта шуданд.