Бино ба иттилои «eanews.ru», дар яке аз шуъбаҳои Екатеринбурги вилояти Свердловскии Федератсия Русия, ба муҳоҷиртоҷики 35 – сола, Бахтиёр К. парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.
Ӯ ба ҷурми «Таҷовуз ба номус ба воситаи таҳдид ба куштан ё бо осеби ҷисмии ҷиддӣ» муттаҳам шудааст.
Ба гуфти муфаттишон ҷиноят 21 – апрели соли ҷорӣ тахминан соати 1.30 дар яке аз кӯчаҳои (Малый Исток) Екатеринбург рух додаст.
«Зани бордоре, ки аз роҳ мегузашт нохост, марде ба ӯ ҳуҷум мекунад ва ба номуси ӯ таҷовуз мекунад. Занаки ҳомила дар ин вақт, дод мезанад ва кумак талаб мекунад, бинобар ин яке аз истиқоматкунандаи бинои дар наздик буда, ба полис хабар медиҳад. Дар натиҷаи кофтукови фаврӣ ҷинояткорро аз ҳамон маҳал дастгир карданд.» – мегӯяд манбаъ.
Марди 35 солаи тоҷикро ҳамчунин ба дуздидани телефони дастӣ ва ангуштарини тиллоии зани ҳомила муттаҳам кардаанд.
Ҳоло марди гумонбаршуда дастгир карда шудааст ва тафтиш идома дорад.