Воҳидхони Қосиддин, раиси дастгоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд: “Ҳарчанд аз аввал миллати тоҷик дар асоси арзишҳои исломӣ ба сар мебарад, вале бо ин мо наметавонем арзишҳои миллиро комилан дар асоси арзишҳои исломӣ мушаххас бикунем. Дар ҷомеа гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки ба ин ғояҳо хурдагирӣ мекунанд, вале ин наметавонад сабаб бошад, то мо арзишҳои динии худро нодида бигирем.”
“Гурӯҳҳои ҷомеа бояд бо ҳам машварат анҷом бидиҳанд. Мо бояд андешаҳои худро бигӯем ва аз дигаронро бишнавем. Арзишҳои миллиро мо дар асоси арзишҳои исломӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, ки бо ҳам мутобиқанд, муаяйн бикунем.”, илова кард Воҳидхони Қосиддин.
Раиси дастгоҳи ҲНИТ бар ин назар аст, ки феълан дар ҷомеаи мо дарки нодурусти мафҳуми арзишҳои миллӣ вуҷуд дорад. Ба сифати далел ҷаноби Қосиддин аз масоиле чун Роғун ва истиқлоли кишвар мисол меорад. Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ки ин гуна мавзӯъҳо наметавонад мардумро ба ҳам орад. Зеро ин масоили мавсимӣ буда, арзишҳои миллиро барои мӯҳлати муаяйне мушаххас кардан дуруст нест.
Ба бовари Воҳидхони Қосиддин арзишҳои миллӣ бояд тавре муаяйн бишавад, ки дар ҳар давру замон аз байн нарафта, ба он метавон такя кард.
Иқтибос аз матлаби “Арзиши миллии тоҷик чист?”, “Озодагон”
Ҳумайрои Бахтиёр