Categories Uncategorized

Гармои Саудӣ ба Тоҷикистон меояд

Маркази ҳавошиносии кишвар аз ҳаракати ҳавои гарми биёбонӣ аз сӯи нимҷазираи Арабистони Саудӣ тарафи Осиёи Марказӣ пешгӯӣ кардааст. Аввалин бор аст, ки масъулони обу ҳавошиносии кишвар аз пешомади ҳавои гарми кишварҳои Халиҷи Форс иттилоъ медиҳанд.

Гуфта мешавад, гармои Саудӣ нисбат ба ҳавои тобистони кишвари мо боз ҳам гармтар будааст. Табиб Азизмад Наботов, мегӯяд, ҳавои гарми иқлими Саудӣ ба саломатии мардуми минтақа ҳам бетаъсир нест. Махсусан онҳое, ки фишорашон паст аст, бояд ҳамеша зери назорати табибон бошанд. Ба гуфти ҳамсӯҳбатам рӯзҳои охир муроҷиати шаҳрвандон дар пайи боло рафтани фишори хун зиёд шудааст. Дар ин ҳолат шаҳрвандонро лозим аст, ки аз тавсияҳои табибон истифода кунанд. Зеро дар шароити гармии аз ҳад зиёд истеъмоли баъзе нӯшокиҳо манъ аст.

Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар гуфтааст, ҳаракати ҳавои гарми Саудӣ ба Тоҷикистон, рӯзҳои 9, 10 ва 11 июл дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳо феълӣ то се чор дараҷа боло рафта, дар пойтахт рӯзона ҳарорат аз 40 дараҷа боло меравад, дар қисмати ҷанубии кишвар гармии ҳаво ба 45 дараҷа мерасад.

Дар пайи баланд шудани ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона 19-24 рӯзона 39-44, дар вилояти Хатлон шабона 21-26 рӯзона 40-45 дараҷа гарм, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона 17-22 рӯзона 33-36 дараҷа, дар Дарвоз ҳарорати ҳаво рӯзона то 40 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ВМКБ шабона 4-9 рӯзона 22-25 дарҷа гарм, дар кӯҳҳо рӯзона то 34-36 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ва пойтахти ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво шабона 22-24 ва рӯзона 40-42 дараҷа гарм мешавад.

Саломатиро ҳизф бояд кард, бахусус кӯдаконро

Тағийр ёфтани обу ҳаво дар ин шабу рӯз омили бемориҳои сабук, аз қабили грипп ва намудҳои ин беморӣ ҳам мешавад. Чанд рӯз пеш, вақте якбора обу ҳаво тағийр ёфт ва боронӣ буд, бемории зуком рӯ зад, мегӯянд табибон. Ҳоло ин беморӣ ҳам мисле ки тӯлони шудааст бо як ду ҳафта табобат аз бадани инсон намеравад. Барои ин бояд ки аз гармии сӯзон ва тағийр ёфтани ҳаво эҳтиёт бояд кард. Бахусус кӯдакон, ки зиёд дар ҳавои гарм сайругашт мекунанд ва бештар нӯшокӣ ва об истеъмол мекунанд.

More From Author

You May Also Like